Маркази нави кўдакону наврасон бунёд мешавад

Раиси вилоят он рўз, бо ҷараёни сохтмони маркази кўдакону наврасон низ шинос шуд. Дар минтақаи фароғатии шаҳри Қайроққум боз як урдугоҳи муосири кўдакону наврасон барои 300 ҷой бунёд мегардад. Ин маркази нави фароғативу истироҳатии кўдакону наврасон дар заминаи собиқ урдугоҳи «Уқобча»-и КВД «Востокредмет» бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон сохта мешавад.

 

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ин мавзеъ ташриф оварда, бо раванди азнавсозии биноҳо, сохтмони ҳавзи шиновариву майдончаҳои варзишӣ, аквапарк ва амфитеатр аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, маркази нави фароғативу истироҳатии кўдакону наврасон дар шафати осоишгоҳи «Баҳористон» бунёд гардида, 20 га масоҳат дорад ва дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Амфитеатр, аквапарк, боғча, майдончаҳои баскетболу теннис, майдони футбол, ҳавзи шиноварӣ, маркази компутерӣ, ошхона ва ғайра дар ҳудуди истироҳатгоҳ сохтаву азнавсозӣ мешаванд. Истироҳатгоҳи кўдакону наврасон дар як вақт имкони фарогирии 300 нафарро доро аст.

Алҳол дар ин мавзеъ беш аз 300 нафар сохтмончӣ ва мутахассисон бо корҳои таъмиру азнавсозӣ машғуланд. Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо муҳандисон ва шахсони масъул барои бо сифати баланд ва дар вақти муқаррарӣ мавриди истифода қарор додани истироҳатгоҳ дастуру супоришҳо дод. Ҳам-замон зикр гардид, ки масоҳати истироҳатгоҳ хеле бузург буда, минбаъд аз ҳисоби сохтани биноҳои нав имкони афзоиш додани миқдори истироҳаткунандагон вуҷуд дорад. Аз ҷумла, Раиси вилоят тавсия дод, ки барои гузаронидани машғулиятҳои мухталиф ва семинару тренингҳои гуногун сохтмони толорҳои зарурӣ бо тамоми шароиташ ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят дар ҷараёни ин сафараш аз рафти сохтмони коттежҳои нав дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и соҳили баҳри «Тоҷик», ки ҳанўз мавриди истифода қарор нагирифтаанд, дидан кард. Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои сохтмон баҳои баланд дода, мавҷудияти чунин биноҳоро барои рушди сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар вилоят муҳим арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh