«Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар!»

Санаи 21-уми майи соли 2013 дар саҳни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тантанаи ҷамъбасти як моҳи ҷавонӣ таҳти унвони "Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар!" доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок дошт.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони вилоят табрик гуфта, афзуд, ки мо ин ҷашни муборакро дар рўзҳое таҷлил менамоем, ки мардуми кишвар бо бардоштҳои амиқу муҷаддат аз Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат фаъолияти минбаъдаашро тарҳрезӣ намуда, бо қадамҳои устувор ба сўи ояндаи нек равон аст.

Имрўз ҷомеаи мо ба сўи пешрафтҳои навин қадам гузошта, ба низомҳои тозатарин ва идоракуниии ҷаҳони муосир ворид мешавад. Масъалаи ҷавонон ва тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасоз ва соҳиби минбаъдаи ин пешрафтҳои ҷаҳони муосир дар меҳвари сиёсати куллии давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият дорад.

Беҳуда нест, ки Ҷаноби Олӣ ба ин масъала дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда гуфт, ки дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то ин ки онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрўзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Таҷлили моҳонаи ҷавонӣ дар вилоят, пеш аз ҳама, имконият фароҳам меоварад, ки дар давоми ин моҳ аз муҳимтарин барномаҳои ҷолиби сиёсию фарҳангӣ ва маърифатӣ бархурдор гардида, бори дигар таваҷҷўҳи хосаи Сарвари давлатро нисбат ба ҷавонон ва ғамхориву пуштибонӣ эҳсос намоянд.

Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрўз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерўи фардосоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад.

Президенти мамлакат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид сохт, ки баробари омўзиши илмҳои муосир ва технологияи ҷадид ҷавонони мо бояд ба фарогирии таърих ва фарҳанги бузурги миллӣ ва забони тоҷикӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳамчунин, зикр намуд, ки вазифаи асосии зиёиёни мо дар шароити имрўза, пеш аз ҳама, ҷалб намудани ҷавонон ба омўзиши таърих, маданият, забон ва дастоварди илму фарҳанг мебошад.

Вобаста ба ин метавон таъкид намуд, ки имрўз дар меҳвари татбиқи амалии сиёсати ҷавонон, дастгирии ҷавонони болаёқату эҷодкор, ҷалби насли наврас ва анҷоми корҳои бунёдии илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад, - гуфт Раиси вилоят. Сипас, санъаткорони вилоят бо суруду оҳангҳои дилпазир табъи иштирокдорони чорабиниро шод гардонданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh