Стипендияи Раиси вилоят супурда шуд

Дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, бахусус, донишҷўёну аспирантон доимо дар маркази диққати Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ҳамасола бо ин мақсад тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Дар ин ҷода дар вилояти Суғд ҳам чорабиниҳои зиёд гузаронида мешаванд. Супурдани стипендияи номии Раиси вилоят ба донишҷўёни аълохон ва аспирантони макотиби олӣ ва миёнаи махсуси қаламрави вилоят ба ҳукми анъана даромадааст.

Дирўз дар маҷлисгоҳи хурди Кохи ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакии шаҳри Хуҷанд маросими супурдани стипендияи номии Раиси вилоят ба толибилмони мактабҳои олӣ, коллеҷҳои вилоят ба вуқуъ пайваст.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфт, тансиҳативу хотирҷамъӣ ва дар таҳсилашон барору сарбаландиҳо таманно кард. Раиси вилоят дар бораи ғамхориҳои рўзафзуни Сардори давлат нисбат ба ҷавонон ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ҳам дар ин бора сухан меравад.

Дар назар аст, ки шароити таҳсили толибилмон дар макотиби олӣ ва миёнаи махсус беҳтар гардонида, аз моҳи сентябри соли равон ҳаҷми идрорпулии донишҷўёну аспирантон баланд бардошта мешавад. Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода дар хусуси ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати донишҷўёни яккаву танҳо ва фарзандони оилаҳои камбизоат ҳарф зад. Лозим ба ёдоварист, ки алҳол барои донишҷўёну мактабиён дар вилоят 347 стипендияи Раисони шаҳру навоҳӣ, ширкатҳо, хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида пардохта мешавад. Ҳамаи ин бо мақсади дастгирии моддии ҷавонону духтарон амалӣ мегардад, то онон бо баҳои хубу аъло таҳсил ва соҳибкасб гарданд. Инчунин, гуфта шуд, ки бо қарори Раиси вилоят аз 1-уми феврали соли равон «Дар бораи муқаррар кардани стипендияи Раиси вилоят ба донишҷўёну аспирантон барои соли хониши 2012-2013» қадршиносии донишҷўён муайян гардидааст.

Ин иқдомро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади амалӣ намудани супоришу ҳидоятҳои Сардори давлат иҷро мекунад. Дар рўзҳои таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ба донишҷўёну аспирантон супурдани стипендияи номии Раиси вилоят фоли нек аст. Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ҷавонону духтарон, ки имрўз бо баҳоҳои хубу аъло мехонанд, дар оянда мутахассисони болаёқат шуда, дар пешбурди давлат, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳм мегиранд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки сад нафар толибилмону аспирантони макотиби олӣ ва коллеҷҳо бо Шаҳодатнома стипендияи Раиси вилоят ва маблағҳои муайян тақдиронида шуданд. Аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров 18 нафар донишҷўён ба ин шарафи бузург ноил гардиданд.

Донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, филиали Донишгоҳи технологӣ дар шаҳри Исфара, Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Панҷакент, Омўзишгоҳи тиббии ноҳияи Зафаробод ва ғайра бо Шаҳодатнома ва ҳар кадом бо 800 сомонӣ маблағ тақдиронида шуданд.

Ҳаждаҳ нафар олимони ҷавон-аспирантони макотиби олии вилоят бо Шаҳодатнома ва стипендияи Раиси вилоят дар ҳаҷми 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар вазъияти тантанавӣ стипендияҳоро ба соҳибонашон супурда, онҳоро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳният гуфт.

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон Манучеҳр Камолов, аспиранти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Фирўза Юсуфова барои дастгирӣ ва қадршиносиашон ба Раиси вилоят сипос гуфта, аз номи гирандагони Стипендияи Раиси вилоят ваъда доданд, ки дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хониши аъло ва хизмат ба нафъи Ватан ҷавоб мегардонанд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh