Филми «Хиёнат» - баёнгари чеҳраи аслии ТТЭ ҲНИ
- Details
- Published on Thursday, 13 March 2025 10:22
Вақте калимаи хиёнатро ба забон меорем ва ё ба гӯш мерасад, дар воқе вуҷудамонро як ҳисси нохушнудӣ ва нафратоваре фаро мегирад. Агар дар ҷое шунидем, ки як нафар нисбати дӯсту наздики худ ва ё зан ба шавҳари худ хиёнат намудааст, чи қадар дар диламон нисбати инсони хиёнаткор ҳисси бадбинӣ ва нафратовар пайдо мешавад. Пас Шумо фикр кунед, ки нафаре ва нафароне, ки нисбати муқаддастрани арзишҳои худ – Ватан, миллат, ваҳтад, истиқлолият ХИЁНАТ мекунанд, чӣ қадар дар назари мардум чеҳраи манфуру зишт пайдо мекунанд?! Омӯзиши воқеаҳои таърихӣ гувоҳи он аст, ки дар ҳар давру замон, мутаассифона дар ҳар қавму миллат, аз ҷумла миллати мо афроди хиёнатпеша ва хиёнаткоре пайдо мешаванд, ки бо мақсади ба даст овардани хостаҳои нафсонии худ беҳтарину муқаддастарин арзишҳои худ- Ватан, миллатро қурбон мекунанд. Дар воқеъ, хиёнати ингуна ашхос нобахшиданист.
Имрӯз, хушбахтона бо пешрафти илму техника ва дастрасии мардум ба воситаҳои ахбори омма тавассути шабакаҳои иҷтимоию телевизионӣ аз кору пайкори хиёнаткорони миллат мардум бештар огоҳ мешаванд. Барои ба халқу миллат нишон додани чеҳраи аслӣ ва хиёнаткоронаи азоёни ТТЭ ҲНИ филми мустанати “ХИЁНАТ” омода ва дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ нишон дода шуда истодааст. Дар ин филм, ки воқеан таҳиякунандагони он заҳмати фаровон кашидаанд, бо далелу санадҳои муътамад ва бо шоҳидони собиқ азоёни ТТЭ ҲНИ нишон дода шудааст, ки чӣ тавр онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар пайи аз байн бурдани сулҳу субот ва амнияту осоиштагии кишвари азизамон гардидаанд. Аз тамошои филми “Хиёнат” ба мо сокинони Тоҷикистон равшан гардид, ки ин филм амалҳои разилонаю манфур ва хиёнаткориҳои хоинони миллат, хусусан роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мехостанд барои ба даст овардани сарватҳои муфт бар зидди давлату миллати хеш исён бардоранд, басо равшан нақл мекунад. Мо ҳеҷ гоҳ амалу кирдори ТТЭ ҲНИ, ки таҳти ниқоби дини Ислом бо амалҳои номатлуб ва суханҳои бардурӯғи хеш яке аз сабабгорони асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буданд фаромӯш нахоҳем кард. Боиси қайд аст, ки хиёнаткороне, ки дар филм нишон дода шудааст, парвардаи обу хоки ҳамин сарзамини биҳиштосо мебошанд, ки ҳама ободиву шукуфоии сарзамини хешро дида натавониста, нангу номусашонро ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхтаанд.
Дар воқеъ, дар замони имрӯз таҳия ва пахши филми “Хиёнат” тавонист рисолати худро иҷро намуда, чеҳраи воқеии хоинони миллатро нишон дод. Яке аз бартариятҳои филми “Хиёнат” дар он аст, ки амалу пайкори разилонаи хиёнаткорон аз забони шоҳидони ҳол нақл мешавад, ки аз ин дида далелу санади муътабар буда наметавонад. Чунончи аз забони собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ ва ё наздикону пайвандони роҳбарияти ин ҳизби мамнуъ амсоли Муҳаммадалӣ Раҳматуллолев, Хикматулло Сайфов, Ҷамшед Нарзуллоев ва дигарон маълум мегардад, ки хиёнаткорони Ватан ҳамеша дар пайи дар амал пиёда сохтани ғаразҳои нопоки худ будаанд.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки филми “Хиёнат” ба манзалати як мактаби бузурги тарбиявӣ ба шумор омода, ҷавонону сокинони кишварро ба он водор мекунад, ки амалҳои пасту разилонаи афроди хиёнатпешаро маҳкум намуда, аз пайи ободию осудагии кишвар бошанд ва муҳаббату садоқати худро нисбат ба Ватани худ боз ҳам бештару қавитар созанд.Чунонки дар филми мазкур қайд мешавад, ки: “хиёнаткорро бхшидан номумкин аст” воқеан дуруст аст. Зеро афроди хиёнатпеша дигар садоқату муҳаббат ба арзишҳои миллию маънавии хеш надоранд.
Пас аз тамошои филмии ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба чунин натиҷа расидем, ки дар ин марҳилаи сахту душвори вазъияти ҷаҳон, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат дар мушкилиҳои сахт дучр шудаанд, хоинон аз ин вазъият ҳам истифода бурда, санги маломат ба сӯи сулҳу субот ва мну осоиштагӣ меандозанд. Филми “Хиёнат”, ки аз амалҳои разилонаю пасти хиёнатпешагон ҳикоят мекунадва кору пайкории аслии ин чеҳраҳои зиштро ба намоиш мегузорад, бояд мардуми сарбаланди кишвари азизамон, бахусус ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба овозаю тағ-тағаҳо ва суханҳои бардурӯғу иғвоангезонаи хоинони миллат бовар накарда, баҳри омӯтану ободии кишвар ва баҳри пойдори сулҳу субот камари ҳиммат банданд.
Устодони кафедраи адабиёти классики
тоҷики МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров