ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Аслан, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки бештар таҳти ишораҳои динию мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надоранд, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд.

Мақсади онҳо ноором намудани суботи ҷомеа буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мебаранд. мебаранд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ба сафи ифротгароён шаҳрвандони кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла ҷавонони гумроҳи тоҷик низ шомиланд. Аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ ва сомонаҳои онҳо шудаанд. Бехабар аз он, ки онҳоро дар он ҷо на пули калон, балки пушаймонӣ интизор аст.

Мутаассифона, имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари давлатҳои гуногунро фаро мегирад. Имрӯз ба хотири пулу мол тарафдорони ТТЭ ҲНИ мазҳаби шиаро қабул карданд ва даъво доранд, ки он мазҳаби ҳақ аст. Барои онҳое, ки миллати худро фурӯхта, дар лонаи бегонагон ҷо гирифтаанд, мазҳабфурӯшӣ кори саҳлу содда аст.

 Насли замони Истиқлолият бояд ба фиребу найранг дода нашавад. Дар ин иртибот як масъалаи муҳимро зикр кардан зарур аст, ки солҳои охир дар кишвари орому осоиштаамон корхонаҳои хурду калон мавриди истифода қарор гирифтаанд, то ки ҷавонон ҳарчи камтар ба муҳоҷират рафта, рӯзгорашонро беҳбуд бахшанд, яъне Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирро андешида истодааст, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро пайваста ҳал ва сатҳу сифати зиндагии мардум, баланд гардад.

Илҳомҷон АЛИҚУЛОВ,
донишҷӯи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh