Роҳбарияти Паймони миллӣ бояд ба истеъфо равад

Мақолаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Фарҳанги истеъфо ё бо хун омадагон танҳо бо хун мераванд”, ки аз ҷониби хоинони миллати тоҷик Ҷуннатуллоҳи Комил ва Муҳиддин Кабирӣ нашр гардидааст, идомаи мантиқии мақолаҳои пучу бемантиқ, пур аз бухсу бахилии сиёсии мутаҳамони гуреза аз Ватан мебошад.

Масъалаҳои дар мақолаи иғвоангезонаи худ нашрнамудаи ин разилон умуман ба ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон робитае надорад. Масъалаи Қирғизистон, Белорус ва дигар кишварҳое, ки ҳар бор дар мақолаҳои худ мисол меоранд ин муаммоҳои дохили давлатии ҳамон ҷумҳуриҳо ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи сиёсӣ ором аст, мардум аз сиёсат ва роҳбарии Президенти худ ягон норозигӣ ва ё шикоят надорад. Мисоли ин гуфтаҳо интихоботҳои гузаронидашуда мебошанд. Имрӯз хоинон, мутаҳамон, душманони миллати тоҷик, ки аз тарафи мардуми кишвар ҳамчун террорист, зархарид, ватанфурӯш эътироф гардидаанд бо мақолаҳои бемазмун, бемантиқ ва пур аз иғвою дасиса мехоҳанд муҳити оромро ноором созанд.

Бо ин мақола бори дигар хоинони миллат исбот карданд, ки то хун дар бадан доранд аз роҳи ҳароми худ даст намекашанд ва мақсади дар худ доштаашон аз баданашон бо хун меравад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар паи ободӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ ва сарсабзу гулпуш кардани Ватани худ мебошад.

Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh