Фаъолияти хоинонаи Кабирӣ

Бояд қайд кард, ки Муҳиддин Кабирӣ – раиси «Паймони миллӣ» то имрӯз нисбати давлати мо  ҳисси бадбинӣ дорад.

Ӯ мехоҳад бо гапҳои бардурӯғ байни мардум тафриқаангезӣ намояд. Кабирӣ мақсад ва ниятҳои нопок дорад, ӯ мехоҳад вазъи кишвари мо ноором бошад. Мо, мардуми тоҷик бо хоҳиш ва иродаи худ сиёсати давлат ва ҳукуматро дастгирӣ менамоем. Мо шукри  сулҳ пойдор, ваҳдату ягонагӣ, рӯзгори орому осоишта мекунем.

Аз таърихи навини тоҷикон ҳар як фарди тоҷик хуб огаҳӣ дорад, ки солҳои 90 – ум баъди пош хӯрдани Иттиҳодияи Шӯравӣ Тоҷикистон дар кадом ҳолат қарор дошт. Дар ҳамон давраҳо Муҳиддин Кабирӣ дар куҷо буд? Агар нисбати мардуми тоҷик бетараф намебуд, дар ҳамон лаҳзаҳои душворӣ ёрии худро мерасонид. Аз ин ҷо савол ба миён меояд, ки барои чӣ имрӯз Муҳиддин Кабирӣ нисбати мардуми тоҷик бо суханҳои дурӯғаш ғамхории худро изҳор карда истодааст. Агар ғамхор мебуд, маълумотҳои бардурӯғи фитнаангезро аз давлати хориҷа истода паҳн намекард ва барои пешравии Тоҷикистон саҳмгузор мешуд. Ӯ бо дигар давлатҳои хориҷа якҷоя амал карда ба давлати худ хиёнат карда истодааст.

Барои чӣ давлати хориҷа ба Муҳиддин Кабирӣ паноҳгоҳи сиёсӣ додааст, зеро ӯ хоини кишвар аст ва ба он хоҷагони хориҷиаш хизмат мекунад. Ӯ бояд аз давлати хориҷа ба Тоҷикистон баргардонида шавад ва дар асоси қонуни ҷиноятии амалкунандаи кишвар таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор дода шавад. Бояд пеши роҳи хиёнаткори давлат Муҳиддин Кабирӣ гирифта шавад, зеро ӯ бо гапҳои бардурӯғаш обрӯю нуфузи миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ паст карда истодааст.

Бобоҷонова М.М. – сармуалимаи
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh