Нашояд ифротиёнро одамӣ хондан!

Ботини фард дар зиндагӣ мебояд баҳри накӯӣ кардан ба одамият равона гардида бошад ва ин рисолат хидмати банда дар назди Офаридгор ва шукронаи мусалмон будани ӯст.

Лекин, ботини баъзе нафарони идрокашон ноустувор онҳоро ба сӯи амалҳои нобакорона, алалхусус дасисабозию иғвоангезӣ равона менамояд. Ин тоифа нафарон бехабаранд, ки фирефтаи инсонҳои шайтонсиришту разил шудаанд, супоришҳои ӯро чун ғулом иҷро менамоянду аз ин аъмоли бад фахр ҳам мекунанд. Натиҷаи бадсириштии баъзе хоҷагони хориҷӣ аст, ки дар олам ҳизбу ҳаракатҳои мақсадашон нопоку ғаразашон пинҳонӣ пайдо шудаанд, мисоли  ДИИШ ё худ ҳаракати “Давлати исломӣ” ва ҳамрадифи "содиқона"- аш ТТЭ ҲНИ мебошад.

Пӯшида нест ва аллакай ифшо шудааст, ки ин ҳизбу созмонҳо ва ҳаракатҳо мақсади ягона-ноором кардани вазъи кишварро доранд. Агар мақсадашон ғояҳои инсондӯстӣ ё исломпарастӣ буд, чӣ ҳоҷат буд ба бунёди нооромӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон? Имрӯз бархе аз ифротиён то ба дараҷае расидаанд, ки ватанфурӯшу хиёнат ба Ватанро пешаи ҳаёти худ кардаанд. Метавон, чунин манфуриро дар симою амалҳои Муҳиддин Кабириву думравонаш ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин, Мирзои Салимпур, Шарофиддин Гадоев, Сайид Юнуси Истаравшанӣ ва дигарони камшумори пастфитрат мушоҳида кард. Ин сиёҳдилон кайҳо симои инсонӣ гум кардаанд. Кирдору рафтор, гуфтору атворашон тасдиқи бевоситаи ин ҳақиқат мебошад. Аз ин лиҳоз, ононро нашояд одамӣ хонду ба онҳо муносибати одамиёна кард!

Собиров М.С. Дадобоев М.А.

Add comment


Security code
Refresh