Марг бод бар ифротгароиву ифротиён!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои ҷиддӣ авндешида, мудом хоҳони сулҳу оромӣ ва ваҳдату дӯстӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон алайҳи ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон хоҳад бурд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони ҳамеша мубориза бар зидди ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷаи хеш шуморидааст. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад ва барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат додааст. Аммо баъзе ҳизбу ҳаракатҳо, амсоли ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24  аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳанд ақидаҳои нопоки хешро болои мардум таҳмил намоянд. Чунин гурӯҳҳои ифротӣ бо дастгириҳои "хоҷагони беруниашон" кӯшиш мекунанд, ки вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии кишварро ноором созанд. Нафароне, ки ин гуна амалҳои номатлубро нисбати ҷамъият ва давлат мекунанд ё карданд, қалбу нияташон ва ботинашон моломоли кибру ғурур, нопокӣ мебошад.

Дар замони зудтағйирёбандаи равандҳои сиёсии минтақавиву ҷаҳонӣ миллату давлатҳои ҷаҳонро мебояд, ки бо дарназардошти эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳамҷоя рушду такомул ёбанд. Раванди ҷаҳонишавӣ бевосита ба ҳар як соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа таъсиргузор аст. Имрӯз ягон давлат дар танҳогӣ рушду нумӯъ намекунад ва дар ягонагӣ аз ҳалли проблемаҳои минтақаву ҷаҳон намебарояд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаҳони имрӯз аз ҳама арзишмандтарин неъмат барои халқу миллату давлатҳо сулҳу амният, тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ маҳсуб мегардад.

Меҳроби Ватан
– устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh