ҶАЛБИ НАВРАСОН ДАР ИЛМҲОИ РИЁЗИВУ ДАҚИҚ ВА ТАБИӢ

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва тандурустиро дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доданд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул шуд.

Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор хоҳад шуд. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Умедворем, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд шавад.

Ҳадафи асосии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаю бунёдкор дар пешрафти ҷомеаи мамлакат нақши босазо доранд. Тарбияи дурусти онҳо, ки ворисони ояндаи давлатанд, аз вазифаҳои умда ва муҳим маҳсуб мешавад.

Ҷавононе, ки воқеан мамлакати худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Дар ин робита, тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Давлат ва ҳукумати ҷомеаи имрӯз корҳои зиёдеро баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати дониши ҷавонон ба анҷом мерасонанд.

Нерӯи созанда дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷӯйи илм буда, дониши худро пурра созанд. Пешрафти ҳама соҳаҳои ҷамъият ба ҷавонони хушахлоқу соҳибмаърифат алоқаманд буда, ҳар қадар ҷавонони мо ҳисси ватандӯстии бештар дошта бошанд, ҳамон қадар кишвари мо рӯ ба пешравӣ хоҳад овард. 

ҚАҲОРОВА САНОАТ,
мураббияи кӯдакистони Президентии вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh