ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҒАМХОРИ ТАБИБОН

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, мо, кормандони соҳаи тандурустиро рӯҳбаланд намуд. Зеро таваҷҷуҳи Президенти кишвар нисбат ба соҳаи мазкур зиёд буда, дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаашон ҳамасола баръало эҳсос мегардад. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ қайд намуданд, ки бо дарназардошти он, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, ба 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.

Бунёди муассисаҳои тиббии замонавӣ далели он аст, ки ҳамасола дастгириҳои давлату Ҳукумат аён мебошад. Аз ин рӯз дар Паём зикр гардид, ки дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд.

Пешвои миллат дар Паёми худ аз корнамоиҳои табибон, ки дар давраи вазнин фаъолият доштанд, ёдовар шуда, зикр намуданд, ки ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, сипосу миннатдории самимии худро баён менамоям.

Ин нукта мо кормандони соҳаи тибро рӯҳбаланд гардонид ва барои дар оянда фаъолияти худро хубтару беҳтар намудан кӯшиш менамоем, то ба боварии Пешвои миллат сазовар бошем.

Ҳамчунин, Пешвои миллат қайд намудан, ки мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 ба қайд гирифта нашудааст. Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдоштӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Дар ҳақиқат моро лозим аст, ки ба саломатии худ аҳамият диҳем ва то ба пуррагӣ нест шудани бемории сироятии коронавирус аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем.

Пайрав Ҳасанзода,
духтури Маркази вилоятии солимгардонии
бемориҳои дилу шараёни вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh