Бо дег нишасту сиёҳ шуд…

Бо тамошои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи саргузашти Муҳаммадиқболи Садриддин як эҳсоси ҳузнангез маро фаро гирифт, ҳисси нафрат ба хоинон ва нафрат ба кулли ононе, ки оташи ҷангро дар Тоҷикистон фурӯзон карданду мардумро ба кишвари бегонаи Афғонистон сарсон намуданд.

Падари Муҳаммадиқболи Садриддин – Қаландар Садриддинов замони ҷанги шаҳрвандӣ аз роҳбарони ҳизби наҳзат буд ва дар Афғонистон масъулияти ба муҳоҷирони тоҷик тақсим карда додани кӯмакҳои башардӯстонаи созмони Ҳилоли Аҳмарро дошт. Қаландар Садриддинов дар Афғонистон ба Мулло Шариф ном шахс барои таълиму тарбия писараш Муҳаммадиқболро месупорад. Аммо писари 12-13 сола ба доми қумондонҳои ифротии афғон мефарояд. Албатта, ин ҳолат ба руҳия ва такомули шахсии Муҳаммадиқболи Садриддин таъсири манфӣ расонидааст.

Дар ин филм барои ман фикрҳои коршиносон – табибон, равоншиносон ва олимон бештар писанд омад, ки руҳия ва хислату тарзи рафтори гирифторшудагон ба чунин дарди психологиро равшан мекунад. Масалан, суханронии номзади илмҳои тиб ва равоншинос илман асоснок ва воқеӣ буданд.

Ба гуфти равоншинос шахсоне, ки ба ҳолате мисли аҳволи Муҳаммадиқбол гирифтор гаштаанд, ҷои меҳрро дар қалби онон нафрат мегирад. Ва дарвоқеъ чунин инсонҳо хатарноканд.

Муҳаммадиқболи Садриддин бо баромадҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бино бар гуфти равоншиносон, мақсад дорад, ки дигаронро ҳам ба роҳаш дарораду мисли худаш гардонад. Вай дигаронро ҳам барои ба чунин роҳи бешарафӣ бурдан кӯшиш мекунад. Ин албатта, ҳолати хатарзо аст.

Ин филми мустанад нишон дода тавонист, ки воқеан Муҳаммадиқболи Садриддин, руҳан шахси солим нест. 

Ин ҷо матлаб он аст, ки ҷавонони гиромиқадр, ки аз руҳияи ӯ огоҳ нестанд, бояд донанд, ки дағ-дағаи Муҳаммадиқболи Садриддин на барои ислом, балки барои зиёд кардани нафароне мисли худаш аст.

Гумон мекунам, ки ин филми ҳуҷҷатӣ барои хулосаи дуруст баровардани нафароне, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳарзаҳои Муҳаммадиқболро гӯш ва ё пайравӣ мекунанд, мадад мерасонад.

Пайрав Сулаймонзода,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh