ЛӮХТАКИ ДАСТИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ

Кабирӣ худро дар олами Ғарб ҳамчун зиёӣ муаррифӣ карда бошад ҳам, лек дар ҷомеаи мо ҳамчун хоини миллат ном баровардааст. Кабирӣ боре ҳам бошад, фикр намояд, ки мардуми мо дар Ватани ҳуқуқбунёду демократӣ умр ба сар мебаранд. Касе наметавонад ба ҳаёти шахсии дигар нафар дахолат намояд.

Ин зархарид хизмати хоҷагони хориҷиашро баҷо оварда, кишвари худро назди созмонҳои ҷаҳонӣ паст карданӣ мешавад. Ин амали ӯ хиёнат ба давлат ва миллат аст. . Аммо амалҳои авомфиребонаи кабирии бадбахт имрӯз барои мардуми тоҷик маълум аст. Ӯро дар дохили мамлакат ҳеҷ кас тарафдорӣ намекунад, зеро хиёнаткор ҳама вақт хиёнаткор аст.

Суханҳои пуч ва бе асоси Кабирӣ иснод ба худи ӯст. Зеро ӯ ва ӯ баринҳоро модари тоҷик ба дунё овард, давлати тоҷик ба воя расонд. Акнун ақлашон даромадаасту теша ба решаи худ ва давлат мезананд. Ин амали хиёнаткорон барзарари худи онҳост. Онҳо як бори дигар нишон доданд, ки ватанфуруши асиланд. Кадом созмоне ё давлате, ки ба онҳо пулу моли зиёд диҳад ва ягон микрафону минбар муҳайё кунад, бар муқобили Ватани худ Тоҷикистон соатҳо гап мезананд. Мисоли равшани онро мо дар гуфтутуги мустакими интернетӣ дидем, ки худ ва пайравони худро мисли мусичаи “бегуноҳ” вонамуд мекунад. Дар ҳар ҷомеа нафари ҷинояткор бояд ҷазо бинад.

Ҳазратқулов Раҳмоналӣ
- устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh