Чашми нотавонбин

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи 30 солагии соҳибихтиёрии Ватанамон қарор дорем ва барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон ин дастоварди бузург  мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи худтанзимшавандаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувори худро ниҳод. Созмон додани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамчун ҳадафи олии халқи тоҷик дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ҳанӯз дар ибтидои шоҳроҳи бузурге қарор дорад, ки ҳадафи халқи он бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, таъмини зиндагии орому осуда ва ҳамгирои бо ҷомеаи мутамаддин мебошад.

Албатта соли сипаригардидаи 2020  соли вазнин ва пурмашаққате барои мардуми олам, аз ҷумла кишвари мо мебошад, зеро вабои аср бо номи COVID-19  тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта буд ва ба ҳар як кишвар зарбаи сахти моддиву маънавии худро гузошт. Ҳоло ҳам як қатор кишварҳои Аврупо аз доманаи ин бемори набаромада истодаанд, ки илми тиб низ бо мушкилие ба ин бемори муқовимат нишон дода истодааст. Хушбахтона аксарияти шаҳрвандони кишварамон ин бемориро сабук аз сар гузарониданд. Мутахассисони тиб дар натиҷаи нишон додани роҳи муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ ба хулоса омада чунин баён карданд, ки аз шаш намуди COVID-19 танҳо ду намудаш дар Тоҷикистон мавҷуд аст ва он ҳам муолиҷашаванда ва нисбатан сабук мебошад.

Бояд қайд намуд, ки роҳи эъмори давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мураккабу душвор буда, вуҷуд доштани муаммоҳо ва масалаҳои гуногунро тақозо мекунад. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда соли 2020 соли хуб ва натиҷабахше буд. Яъне ба бемории ҷаҳонӣ нигоҳ накарда иқтисодиёти мамлакат то як дараҷае пеш рафт. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист то андозае шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварад. Аммо тӯдае аз мухолифини мамлакат аз дастовардҳои нав ба нави давлати мо дар ҳолати изтиробанд. Онҳо аз худ ҳаргуна сафсатаҳои навбатиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, дар мағлубияти худ ҳукуматро муттаҳам мекунанд.

Воситов Ҳ.А. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh