Хоинони ватан барои мо бегонаанд
- Details
- Published on Thursday, 10 April 2025 08:10
Имрӯзҳо дар аксари гӯшаҳои ҷаҳон нооромист. Дар ҷое эътироз, дар ҷои дигар обхезӣ ва дар ҷои дигаре заминларзаю гуруснагиву қашшоқӣ. Вақте, ки инро аз шабакаҳои телевизион мебинам, шукри он мекунам, ки дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон тинҷиву ороми ҳукмфармост. Ин сулҳу салоҳ ва оромии мо барои нафарони дигар намефорад ва доиммо неши заҳролуди худро ба мардуми мо мезананд. Бо ин гуфтаҳоям ман Ҳизби наҳзати ислом ва Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддинро дар назар дорам, ки доимо аз паи хиёнат ба мардуми тоҷик ҳастанд. Охир мо ҳама фарзанди як сарзаминем-ку. Ин бадбиниҳо ба хотири чист?.
Имрӯз ин тоифаи ифротгароро тамоми мардуми кишвар маҳкум мекунанд. Чунки аз ҳадафҳои нопоки онҳо огоҳ гардидаанду чеҳраи аслии онҳоро шинохтаанд. Онон хоини ватан ҳастанд, ки тамоми мардуми диёр аз онон рӯ гардондааст. Аз ин ҷазои сахттар барои инсон набудагист.
Банда ба тамоми мардуми шарафманди тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ба ҳар гуна гапу калочаҳо бовар накунанд, фирефтаи роҳи пешгирифтаи ҷиноии ин разилон нагарданд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Зеро ояндаи дурахшону ободи ватан дар дасти худи мост.
Биоишаи Назар