Буттаи бесамари наҳзатиён!!!

Ҳар як ҷисми зинда дар натиҷаи таҳаввулоти тӯлонӣ дар табиат ҷойгоҳи хосаи худро дорост, ки самари муайянеро дар нигоҳдории мувозинати экологӣ ба бор меоварад. Вале, дар табиат базъе унсурҳои нохалаф вомехӯранд, ки бесамару зараровар буда бинобар ин, худи мавҷудоти зиндаи дигар барои маҳви он мекӯшанд, ки нишонаи мубориза барои ҳаётгузаронӣ асту дар аксарияти ҳолатҳо муфтхӯрон (паразитҳо) мағлуб мешаванд, вале бо осонӣ ҷон намедиҳанд.

Шабеҳи равандҳои таҳаввулоти табиат дар ҷомеаи башарӣ низ на ҳамаи фардҳо баҳри манфиатоварӣ ба ҷомеа ва бунёди ояндаи дурахшон мебошанд. Нафароне низ ҳастанд, ки нияту орзуҳояшон нопок асту раванди таҳаввулоти ҷомеаро ба ақиб кашиданӣ мешаванд. Ҳол он, ки дар талвосаи (судорога) ҷонканианду чун мори заҳрдор доимо аз паси заҳрпошӣ ҳаракат менамоянд. Гарчанде,ки медонанд буттаашон берешаву бесамар, кӯшиш менамоянд, ки ба дарахти азимҷуссаю тавонои давлатдорӣ халале ворид созанд. Чунин қудратро надоранду лекин, чун хаси нопок оби софро нопоку норавшан карданианд. Мисоли ин амалҳои ношоистаро метавон дар фаъолияти ТТЭ ҲНИ мушоҳида кард. Ин ташкилоти ифротии муассисаш аҷнабӣ, чун бӯқаламун тез – тез тағйири ному насаб мекунаду фаъолияти ифротиаш бе тағйир мемонад.

Ҳангоме, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дигари иттилоотӣ аз бадкирдориҳову гуфторҳои қабеҳонаи наҳзатиёни ифротӣ бо сарвари манфураш – Муҳиддин Кабирии мазҳабфурӯши хоин огоҳ мешавем, аён мегардад, ки онон хусусияти бешарафонаи мутобиқшавӣ ба муҳиту замонро доранд. Як гурӯҳ нафарони беиродаву пастфитратро бо маблағгузории хоҷагони аҷнабӣ ҷамъ оварда Кабирӣ умедвор аст, амнияти кишвари моро ноором намояд. Лекин ӯ дарк намекунад, ки фосиқу ватанфурӯш ӯро аллакай ҳама сокинони мамлакати мо эҳсос кардаанд.

Ин фард давоми умраш ба нафаре аз ҷомеа нафъе наовардааст, ҳаммисли буттаи бесамар аст, ки наметавонад дар макони муайян маскуният ёбад. Саросари мамолики Аврупо дар ба дар гаштаву аз бегонагон ниёз мехоҳад. Ин худ нишонаи он аст, ки гуфтаанд-“агар қадри инсонӣ хоҳӣ хаси Ватан бош”! Лекин, М.Кабирӣ ва пайравонаш дур аз хоки Ватан ба авомфиребӣ машғул асту аз оқибати рафтораш андеша намекунанд.

 М.С.СОБИРОВ,
дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи
табиати факултети геоэкологияи МДТ 
“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи 
 академик Бобоҷон Ғафуров”

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh