Ислоҳ.нет расонаи ифротгаро

Вақтҳои охир дар расонаҳои гуногуни наҳзатӣ ба мисоли “Ислоҳ.нет” маводҳои бисёр интишор шуда истодааст, ки мақсад аз он халадор расонидан ба ҳаёти осоиштаи мардум аст. Яке аз онҳо мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин аст.

Ба ин фард гуфтанием, ки ту ба дастовардҳои сокинони мамлакати мо бо назари хоинонаи худ манигар ва онро бо фаҳмиши аблаҳонаи худ тавсиф накун, ки ин кӯшиши беҳуда аст. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми диёри мо он қадар корҳоро ба анҷом расонидаанд, ки бо гуфтану навиштан ба интиҳо расонида намешавад. Мо танҳо якчандтои онҳоро мисол меоварем: Ҳазорҳо километр роҳҳо ободу бунёд шуданд, чандин нақбҳо бунёд ёфт, даҳҳо шаҳру шаҳракҳо ба вуҷуд омаданд, тамоми мамлакат тавассути нерӯгоҳҳо пурнуру рӯшан гашт, симои кишвари мо солҳои охир ба куллӣ ҷавон гаштааст.

 Мардум имрӯз зиндагии осудаҳолона дорад, неъматҳои моддӣ истеҳсол мекунад, манзил, боғҳои нав бунёд менамояд ва ризқу рӯзии худро меёбаду дастархонашро фаровон месозад.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ кӯшиш мекунад худро тарафдори сулҳ, манфиатхоҳи миллат нишон диҳад. Вале охир тамоми мардуми кишвари мо он рӯзҳои пасисаргаштаро аз ёдҳо фаромӯш накардаанд. Воқеияти таърихиро ба манфиати худ таҳрир сохтани ин ифротиён барабас аст. Имрӯз ҳама симои воқеии ин ашхосро шинохтааст ва дигар ба онон эътимод надорад.

М.МУҲИДДИНОВ,
н.и.б., дотсентикафедраи маркетинг-агробизнеси
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh