ХОИН ВА ДУШМАНИ МИЛЛАТ

Инсоният ҳамеша ба тарбия ниёз дорад ва ҳамин аст, ки мегӯянд агар кӯдак аз овони кӯдакӣ тарбия нагирад, дар бузургияш волидайни худашро ҳам мезанад. Ҳоло мебинем, ки як идда аз наҳзатиёни тарбиянадида, аз доираи одобу ахлоқ мегузаранду мардумро фиреб карданӣ мешаванд.

Ҳоло М. Садриддин ҳар як гапро гирифта, хабар месозаду барнома мекунад ва ҳатто намесанҷад, ки ҳақиқат дорад ё на.

Ҳарчанд ба ҳамагон маълум аст, ки М. Садриддин як хоин ва дасисабоз асту ҳамеша бар алайҳи ҷомеа дасисабозӣ мекунад, то ҷавононро гумроҳ созаду ба манфиати хоҷагони хориҷияш кор бифармояд. Зеро нақшаи ин ифротгаро нопок, танҳо бар зарари ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки худро ба доми найрангу фиреби як бевиҷдон напартоянд, чунки ӯ як хиёнаткор асту шуморо ҳам рӯзе фиреб хоҳад дод, ки фиребхӯрдаро дигар даво нест мегӯянд.

 Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh