ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ

Ҳарчанд борҳо шоҳид будем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири иғвобарангезӣ талош менамоянд, то ҷавононро аз роҳ бизананду бар алайҳи миллати тоҷик равона созанд, аммо рӯзҳои охир мебинем, ки роҳбари ин ташкилоти террористӣ ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ гардонидани мардум, борҳо талош намудааст сафсата мегӯяду ҷомеаро ноором сохтанӣ мешавад. Ҳоло, ки миллати тоҷик дар роҳи бузурги пешрафт ва муваффақият қарор дорад, ин ашхоси хоин мехоҳанд, ки мардумро фирефта ба роҳи пушаймониву гумроҳӣ барад. Чунки хоҷагони хориҷии наҳзатиёни палид ва касиф имрӯзҳо намехоҳанд, ки миллати тоҷик хушбахтӣ дошта бошад ва ҳамин аст, ки ҳоло наҳзатиёни хоин аз ҳар як чиз эрод мегиранду кӯшиш мекунанд, то “аз пашша фил бисозанд”, ки ин як душмании маҳз мебошад.

Вале дигар вақте, ки роҳбари ифротиён ба сафсатахонӣ шурӯъ мекунаду аз қазияи як қаллоб ва фиребкору ҳаққимардумхӯр падидаи сиёсӣ месозад, дигар чеҳраи манфураш боз ҳам ошкортар мешавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин хиёнаткорон донишҳои хоинии охундияшонро барои гумроҳсозии ҷомеа истифода мебаранду халос.

Ҳар он чизе, ки ин хоинон мегӯянд, сафсатае беш нест, аммо агар онон фикр мекунанд, ки бо ин роҳ миллатро гумроҳ месозад, фикри хоместу бас. Зеро он роҳ чоҳ аст!

А.ОЛИМОВ,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию - металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh