Гуноҳи нобахшиданӣ

Ифротгароён инсонҳои нохалаф буда, нисбати кишвари мо бисёр хиёнат кардаанд. Нафаронеанд, ки ҳамчун як шахсияти террорист шинохта шудаанд. Ин ашхос чи талхиҳо ба мардуми мо оварданд. Исломро ба як бозичаи дасти хориҷиён табдил доданд, мардумро ба роҳи фиреб андохтанд.

Метавон таъкид кард, ки Ташкилоти террористӣ-экстримистии ҲНИ гуруҳи ифротгаро буда, бо пулҳои хоҷагони хориҷӣ мехоҳанд мафкураи мардум, бахусус ҷавононро вайрон карда, байни мардум тафриқа ангезанд, ниятҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Ҳар рӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромада, худро ватандӯсту ватанпарвар нишон доданӣ мешаванд ва бо ҳамин обро лой карда моҳӣ доштанӣ мешавад. Бо анҷоми ҳамин кор фикр мекунанд, ки дар охир муваффақ хоҳанд шуд. Лекин имрӯз ҳама аҳли ҷомеаи кишвари мо симои аслии ин ашхосро дидаву шинохтаанд. Акнун касе ба лофу бӯҳтонҳои онон эътимод намекунад.

 Мо боварии комил дорем, ки чунин нафарон дар зиндагӣ танҳо ҳадаф ва мақсади нопок доранд ва ба мардуму ҷамъияти хеш хидмати арзандаеро анҷом дода наметавонанд.

Мо ба мардуми сокинони кишвар, бахусус ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки ба чунин хиёнаткорон, ки бо супориши хоҷагони худ барои аз нав барангехтани кинаву адоват дар тамоми шабакаҳову расонаҳио электронӣ фаъолияти душманонаро ба роҳ мондаанд, нафрат намуда, ваҳдату ягонагиро шиори хеш намоянд ва нагузоранд, ки ин дасисабозон ба вазъи имрӯзаи мамлакат аз лиҳози идеологӣ холигоҳеро эҷод намоянд.

 Кайхусрав КАРИМОВ,
 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh