ОҚИБАТИ ФИРЕФТАШАВӢ ПУШАЙМОНИСТ

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ хавфу хатари гурӯҳҳои ифротӣ беш аз пеш зиёдтар шуда истодааст. Ҷаҳони муосир дар қатори муаммоҳои экологӣ, иқтисодӣ-демографӣ, таъмини амнияти сартосарии мардум бо ҳифзи амнияти иттилоотӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Дар давраи ҷанги таҳмилии дохилӣ амалҳои террористӣ ва кирдорҳои эктремистӣ аз ҷониби созмону гурӯҳҳои ифротӣ, ба мисоли ТТЭ ҲНИ анҷом дода мешуд.

27-уми июни соли 1997 бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Халқу давлат аз гуноҳи кардаи мухолифин гузаштанд ва барои онҳо имконияти ислоҳ шудан ва ба рушди ҷомеаи Тоҷикистон саҳми худро гузоштанро муҳайё намуданд. Аммо на ҳамаи онҳо тавба карданду аз амалҳои ноҷавонмардонаи худ даст кашиданд. Таърих худ исботи зиндае аст. Даст ба ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ задани аъзоёну роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва доир намудани табаддулоти нокоми давлатӣ-ҳарбӣ сабаб гардид, ки бо қарори Суди олии мамлакат соли 2015 фаъолияти он манъ гардида, ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ эълон гардид. Нафароне, ки аъзои ин ҳизб буданд, бо хоҳиши худ даст кашиданд ва ҳаёти рӯзмарраи худ баргаштанд. Бархе аъзо ва роҳбарияти он дар хориҷа паноҳ бурданд. Имрӯз бошад аз хориҷа истода, ба ҷониби давлату миллати Тоҷикистон санг мепартоянд.

Аз зумраи фаъолияти кунунии ТТЭ ҲНИ ва созмони навтаъсиси онҳо Паймони миллӣ, маҳз сангандозӣ нисбати кишвари худашон аст. Онҳо на ободии Ватанро дида метавонанд ва на баҳри рушду нумӯи он саҳме расонида. Кору пайкори онҳо ҳарчи бештар танқиду мазаммат кардани Тоҷикистон ва дар фазои иттилоотӣ-интернетӣ зиёд намудани тарафдори хеш аст. Аммо ин ягон натиҷаи дилхоҳ намебахшад. Зеро ки мардуми соҳибхираду соҳибфарҳанги мо некро аз ботил фарқ карда метавонад ва баъди тамошои қисмҳои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ва “Бешарафӣ” чашми мардум боз ҳам кушода шуд.

Мутаассифона гурӯҳҳои ифротӣ боз аз ҳисоби мардуми то андозае мафкураи сиёсиашон пасту ноустувор тарафдорону шарикони ҷиноятии худро зиёд намуда истодаанд.

Аз дасти ТТЭ ҲНИ ва Муҳаммадиқболи Садриддин чандин нафар ҷавонони миллати мо ба роҳи нодурусту ғайриинсонӣ моил гардиданд. Аммо роҳбарияти ҳизби ифротӣ ва худи Муҳаммадиқбол ин иттиҳомро инкор мекунад.

Аз кулли мардуми мамлакат ва махсусан ҷавонони баору номуси Ватан давъат ба амал меорем, ки ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд. Ба ҳар гуна гурӯҳ ва созмонҳои ифротиву иртиҷоӣ ҳамроҳ нашаванд. Оқибати ҷиноят пушаймонист.

Ҳ.ҚУРБОНОВ,
ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Т оҷикистон

Add comment


Security code
Refresh