Ҳарзагӯии хоинон фош шуд

Ҷаҳони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлубро мушоҳида кардан мумкин аст. Радикализм дар шакли экстремизм зуҳур намуда, методи амалисозии он терроризм мебошад.

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ илова бар ин нобудсохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо; сӯиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ; содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст равона карда шудааст.

Экстремизм бошад ин канораҷӯӣ, ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундгароӣ аст.

Имрӯз ҳар як фарди ҷомеаи мо бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад.

Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеъа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

 З.ШАРИФОВА,
 сармуаллимаи кафедраииқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории
 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh