ЗОҲИРФИРЕБ НАБОШЕМ!

Мутаассифона, дар ҷомеа нафароне пайдо мешаванд, ки дар натиҷаи паст будани донишҳои сиёсиву динӣ фирефтаи суханҳои дурӯғини созмонҳои ифротгароӣ гардида, бо онҳо ҳамкорӣ менамоянд.

Магар айб нест, ки баъди фурсати тӯлонӣ боз гардидани дари масҷидҳои кишвар баъзе имомхатибон ба ҷои машғул шудан ба вазифаи асосии хеш, яъне даъвати мардум ба амалҳои неку созанда ва роҳи хайру эҳсон ба фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунии экстремистию террористӣ мепайванданд. Оё ин ношукрӣ нисбат ба шароити имрӯзаи кишвар ва фазои сулҳу оромии ватан нест?

Чунин рафтори баъзе аз имомхатибон далели он аст, ки мутаассифона, дар байни руҳониён то ҳол шахсони амалҳои созмонҳои экстремистию террористиро ҷонибдор ҳастанд. Ҳоло ҳам онҳо ба андешаву ақидаи чунин созмону ҳаракатҳое, ки аз номи дину Худо сухан мекунанд, эътиқоди баланд доранд ва онҳоро ҳамчун наҷотдиҳандаи мардуми гумроҳ мепиндоранд. То ҳол бехабар аз онанд, ки дар дунё кам нестанд созмонҳое, ки аз ҳар гуна воситаҳо, аз ҷумла динро ҳамчун шиор барои расидан ба мақсадҳои хеш истифода менамоянд. Зеро аксари мардуми боимон ба гуфтори диндорон эътиқод намуда, мубаллиғони ин роҳро барои худ ҳамчун шахси дилсӯз қабул менамоянд. Сухани онҳоро чун ҳақиқати ҳол қабул намуда, омода ҳастанд ҳамаи гуфтаҳояшонро дар амал татбиқ созанд ва ҳарчи аз дасташон меояд, ба онҳо кӯмак менамоянд. Бехабар аз онанд, ки ин гуфтаҳо барои ҷалби одамон баҳри амалӣ сохтани мақсадҳои нопок ва душманона нисбати давлату миллат мебошад.

Душманони дар хориҷи кишвар қарордошта танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезананд, ки ягон асос надорад. Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мукшилӣ надошта бошад? Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Куҷо расад Тоҷикистон, ки имсол ба истиқлолияти он сӣ сол мешавад ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд.

Мутаассифона, на ҳама шароити имрӯзаи кишварро бо солҳои 90-ум муқоиса мекунанд, ки он вақт мо чӣ шароит доштем ва имрӯз ба кадом сатҳи зиндагӣ расидем? Аммо душманон ҳамеша аз нуқсону камбудии кишвар ҳарф мезананд ва боре ҳам дар бораи комёбии соҳаҳо ва пешрафти Тоҷикистон сухан намекунанд. Чун онҳо мехоҳанд, мардум аз шароити ҳол ҳамеша норизо бошанд ва талошу кӯшиши Ҳукумату давлатро камарзиш нишон диҳанд.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Add comment


Security code
Refresh