Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони шаҳри Истаравшан туҳфаҳо тақдим карданд

Дар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Чойхонаи «Чаманоро»-и маркази шаҳр ба 110 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз сару либоси маҷмӯии баҳорӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буд. Кӯдакон аз ин туҳфа, ки барояшон арзиши муҳими моддию маънавӣ дорад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Истаравшан як адад Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор амал мекунад ва он айни замон 88 нафар кӯдакро ба тарбия ва парасторӣ фаро гирифтааст. Аз 110 нафар кӯдаке, ки соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат гардиданд, 88 нафарашон бошандагони ҳамин Мактаб-интернат мебошанд.

Ба Пешвои миллат маълумот доданд, ки Мактаб-интернат пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил, истиқомат ва тарбияи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор фароҳам оварда шудааст.

Ҳангоми суҳбат бо кӯдакон Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва давлат барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагонӣ, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳоро истифода менамояд, то дар ҷумҳурӣ ҳеҷ ятим ё бепарасторе худро яккаву танҳо ҳис накунад.

Барои ин давлат ҳамаи шароиту имкониятро дорад ва дар ин самт соҳибкорону саховатмандон ва дар маҷмӯъ, тамоми сокинони мамлакат ҳамраъйии амиқ нишон медиҳанд, ки ин боиси дастгирист, зикр карданд Роҳбари давлат.

Вобаста ба ин, аз кӯдакону наврасони ятим даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароиту имконияти мусоид самаранок истифода намуда, хонанд, соҳиби касб шаванд ва дар оянда зиндагии мустақилонаи худро ба таври матлуб ба роҳ монанд.

Кӯдакон ҳам дар навбати худ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки маслиҳату машварат ва насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва барои дар ҷамъият шахсияти худро сохтану шинохтан талоши бештар менамоянд.

 

 

Add comment


Security code
Refresh