Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

10 апрел дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 га бунёд ва навсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Кӯдакистони “30 — солагии Истиқлоли” шаҳри Хуҷанд дорои 14 гурӯҳ  буда, имкон дорад 400 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 60 нафар мутахассисону мураббиён имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Кӯдакистони мазкур дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анбори маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад.

Инчунин дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 7 айвонча, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидаанд. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар кӯдакистони замонавӣ ба корҳои навсозӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии муосирро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипсу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва аз бар намудану омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.

Дар кӯдакистони «30-солагии Истиқлол» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуданд.

Add comment


Security code
Refresh