Садоқату хиёнат созишнопазиранд

Роҳбари ТТЭ ҲНИ барои он ки ба ҳадафҳояш ноил шавад, дар парлумон курсӣ гирифт, вале баҳри пешбурди кишвари худ хидмате анҷом надод. Чун  ба Аврупо рафт, аз баҳри калимаи «ислом» дар номи ҳизб гузашт ва акнун онро ба таври худаш  Паймони миллӣ меномад..

Гуфтаҳои боло бори дигар тасдиқ менамоянд, ки мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯзҳо низ  шоҳиди он мегарданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ки зери як «Паймон» аҳд бастаанд ва аз реҷими пешгирифтаи хеш, ки поймол намудани ҳуқуқҳои фитрии инсон иборат аст, ҳоло ҳам даст кашиданӣ нестанд.

Тавре аз тариқи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ дорем, ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш ба амалҳои иғвоангезӣ ва мардумфиребонаи худ идома дода истодаанд.

Ташкилу роҳандозии чунин “тазоҳурот” аз ҷониби роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ идомаи ҳамон равандест, ки онҳо дар солҳои аввали истиқлолият бо ин гуна ҳамоишу гирдиҳамоиҳо мардумро дар дохили кишвар ба бесарусомонӣ, бенизомӣ ва ҷангу ҷидол кашида, имрӯз ба ин кирдорҳои нангини худ дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд.

Ин бадхоҳон мехоҳанд мардумро, махсусан ҷавонони моро фиреб дода, ба доми худ андозанд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар роҳу васила истифода менамоянд. Зеро пешаи онҳо чунин аст.

Хушбахтона мардуми шарифи тоҷик аз симои ҳақиқии ин ҳизби ба ном “исломӣ” ва дар асл ифротӣ ва амалҳои номатлуби он огоҳӣ пайдо намуд. Имрӯз ободиву пешрафти кишвари азизамон дар тамоми самтҳо ва сарҷамъиву муттаҳидии миллати тоҷик ба чашми онҳо мисли хор мехалад ва онҳо тавони дидани онро надоранд. Аз ин рӯ, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ободиву осудагии ватани маҳбубамон сокинони кишвар, бахусус насли ҷавонро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи иғвову дасисаҳои ифротгароёну тахрибкороне ба мисли аъзоёни ТТЭ ҲНИ нагарданд.

РаҳматоваЗ.М. – н.и.ҳ., дотсенти
кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

 

Add comment


Security code
Refresh