Бадхоҳон ҳеҷ ба мақсад намерасанд

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогариву дасисабозиҳои сиёсии беасоси бадхоҳону хоинони миллат-роҳбарони гуруҳҳои тундрав, ба монанди ТТЭ ҲНИ пахш мегарданд, ки ақидаҳои дурӯғини худро ба сари мардуми мо таҳмил кардан мехоҳанд. Бо истифода аз воҷаи муқаддаси «ислом» бо роҳи фишор овардан ба ирода ва зеҳни мардум ҳадаф доранд, ки сулҳу суботи кишварро халалдор созанд.

Давлатҳои абарқудрат аз нигоҳи ҷуғрофиёи сиёсӣ бо ҳадафҳои худхоҳона ва дурнамои хеш лоиҳаҳои зиёдеро тарҳрезӣ намудаанд ки тавассути мухолифини  давлатҳо ин ҳадафҳояшонро амалӣ карданӣ мешаванд. ТТЭ ҲНИ низ аз он ҷумлаанд, ки бо супориши чунин хоҷагони хориҷиашон аз тамоми усулу васоит истифода бурдан доранд, то байни мардум иғво ангехта, вазъи  ороми кишвари моро ноором кунанд.

Шояд онҳо дарк нанамоянд, ки ҳадафи аслии ин «хоҷаҳо» чист. Ин тоифаҳо аз куҷо медонанд, ки сулҳу ваҳдати Тоҷикистон бо чӣ уқубатҳо ба даст омадааст? Имрӯз сулҳу ва дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро «Ваҳдат» унвон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар марҳилаи осоишу амният ва созандагию бунёдкорӣ ба сар мебаранду ин нохалафон теша ба ин реша задан доранд! Мо ба ин тоифа мегӯем, ки сокинони кишвар ба қадри сулҳу субот, дастовардҳои истиқлолият, арзишҳои миллӣ мерасанд ва  Ватани худро бо арзиши ҷон ҳифз мекунанд, баҳри бештар кардани дастовардҳои соҳибистиқлолӣ саҳм мегузоранд.

Аскар Акобиров,
устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh