Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

30 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат сарони ду давлат рӯйдодҳои як рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадаро муҳокима карданд.

Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти рафъи ташаннуҷ дар хатти сарҳад ва ҳалли вазъ бо роҳҳои дипломатӣ маълумот доданд.

Зимни суҳбат инчунин, баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Add comment


Security code
Refresh