ДАР ЗЕҲНИ ҶАВОНОН АҚИДАИ СОЛИМ ПАРВАРЕМ

Имрӯз дар ҷаҳон вазъияте ба амал омадааст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ин мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, ба монанди терроризм ва экстремизм шуда мондааст.

Мамлакати мо баҳри пешгирии падидаҳои ифротӣ, ҳамчунин ҳадафҳои нопоки душманони хиёнаткори миллат, ба мисли Кабирӣ ва пайравони ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ифротгароӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ мубориза мебарад. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90-ум мебошад.Мутаассифона, имрӯз бархе аз ифротгароён, хоинони миллат ақидаҳои нодуруст, ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд, ки амалӣ созанд ва сулҳу суботи ҷомеаро халалдор намоянд. Вале ҳоло мардум чеҳраи аслии ин афродро шинохтаанд, ки бештари ин шахсон дар гузашта ҷинояткор будаанд. Ин гуна афроди хиёнаткор арзиши истиқлолиятро, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад, қадр намекунанд! Давоми асрҳои тӯлонӣ миллати тоҷик дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин суханони пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки мардуми тоҷик дар муборизаҳо ботаҳаммулона истодагарӣ карда ва роҳи минбаъдаи худро муайян намуд. Роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шуд. ТТЭ ҲНИ, Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мақсадашон ноором кардани сулҳу суботи кишвари мо аст, ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои худ нахоҳанд расид.

Муқаддас доштани истиқлолияти давлатӣ, ки барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад ва ин арзишҳоро чун гавҳари ноёб аз ҳар гуна гурӯҳҳову афроди бегонаи давлатфурӯш эҳтиёт кард. Мо, муаллимон, бахусус омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ пайваста дар машғулиятҳои дарсӣ ба донишҷӯён, ки насли ояндасози миллат мебошанд, талқин менамоем, ки дар зиндагӣ роҳи дурусту ростро интихоб намоянд, фирефтаи ифротгароён нашаванд, ки имрӯз симои асливу сиришти нопоки ин ифротгароён ба ҳама аён гаштааст. Баҳри саҳм гузоштан дар ободиву пешрафти Ватан, зодгоҳ, маҳалли зисти хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд. Мо баҳри он талош меварзем, ки дастпарваронамон дар оянда ҳар яке солимақида, ватандӯсту меҳанпараст гардида, чун мутахассисони варзида ба кишвари худ хизмат намоянд.

Мадина МУРОДОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh