ХУДШИНОСӢ ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ГАРАВИШ АЗ ИФРОТГАРОӢ

Дар шароити имрӯза зуҳури ифротгароӣ ва тундгароӣ ба мушкилии ҷомеаҳои алоҳида ва аҳли башар табдил ёфтааст. Ин мушкилот ҷомеаи башарӣ ва мардуми кишварҳои алоҳидаро ба таҳлука ва ташвиши зиёде овардааст. Аз ин рӯ, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва тундгароӣ, ошкор ва рафъ намудани созмонҳои хосияти ифротӣ ва тундгароидошта ба яке аз ҳадафҳои муҳим дар шароити Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Ҳолати гаравиши бархе ҷавонони кишвар ба ифротгароӣ ва тундгароӣ моро ба он водор намудааст, ки дар мавриди механизмҳои муассири пешгирии ин раванд биандешем. Ба андешаи мо яке аз механизмҳои муассир дар ин самт тарбият ва тақвияти худшиносиву худогоҳии ҷавонон аст. Тарбияти худшиносӣ ва худогоҳӣ аз чанд ҷиҳат метавонад дар самти пешгирии гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротгаро ва тундгаро муассир бошад.

Аввалан, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон онҳоро зираку ҳушёр мегардонад ва имкон намедиҳад, ки ҳар гуна созмонҳои бадхоҳ, ифротӣ ва тундгаро онҳоро ба доми худ бикашанд. Ҷавонони худогоҳ ва худшинос нақшаву барномаҳои худро доранд ва дар ҳеҷ ҳолат қисми нақшаи шум ва манфиатҷӯёнаи дигарон намегарданд. Чунин баёне вуҷуд дорад, ки агар дар зиндагӣ нақшаи худро надошта бошӣ, пас ту қисми нақшаи дигарон мегардӣ. Дар ин маврид, тарбияти худшиносӣ ва худогоҳӣ ба ҷавонон чунин имконеро фароҳам месозад, ки самти зиндагияшонро мувофиқи нақшаҳои барномавияшон муайян кунанд ва қисми нақшаи дигарон, хусусан нафарони бадхоҳ, ифротӣ ва тундгаро нашаванд. Нафари худшинос ва худогоҳ дар ягон ҳолат амали канора, ифротӣ ва тундро содир намекунад. Ӯ аз натиҷа ва паёмади ҳар амале, ки анҷом медиҳад, огоҳ ҳаст. Нафари худшиносу худогоҳ хубу бад, сиёҳу сафед, хираду ҷаҳолат, савобу гуноҳ, осудагиву парешониро аз ҳамдигар ҷудо карда метавонад ва дар ягон ҳолат тарафи бадӣ пой намегузорад. Танҳо он нафароне пой ба созмонҳои ифротӣ ва тундгаро мегузоранд, ки аз паёмадҳои даҳшатбори амалҳои худ огоҳ нестанд ва ё хубу бадро ҷудо карда наметавонанд.

Нафари худшинос ва худогоҳ нақшаву барномарезии хуби зиндагиро доро аст ва ҳамеша дар пайи амалӣ намудани онҳо равона буда, фурсате барои корҳо ва амалҳои беҳуда надорад. Чунин нафарон дониши кофӣ дар мавриди банақшагирии зиндагӣ доранд ва ниёз ба «машваратчиёне» чун тарғибгарони андешаҳои созмонҳои ифротгаро ва тундгаро надоранд. Дар ягон ҳолат тарғибгарони андешаҳои созмонҳои ифротгаро ва тундгаро таваҷҷуҳи ин нафаронро ба худ кашида наметавонанд, зеро чунин нафарон садҳо корҳои муҳими дигаре доранд, назар ба он ки иттилооти манфиатҷӯёнаи созмонҳои террористию ифротгароро пайгирӣ намуда бошанд.

Дар шароити Тоҷикистон моро зарур аст, ҳарчӣ бештар ба тарбияту тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии насли наврас аҳамият дода бошем. Моро зарур аст насли ояндаро бо донишҳои муосир шинос намуда, тавонбахшии онҳоро тарзе ба роҳ бимонем, ки дар оянда ҳадафу барномаҳои худро амалӣ намоянд ва тавонанд зарфиятҳои доштаашонро баҳри созандагӣ ва ободии кишвар истифода карда бошанд. Дар шароити имрӯза тарбияти худшиносӣ ва худогоҳӣ яке аз кафолатҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои мамнӯъшудаи ифротгаро ва тундгаро мебошад.

Шарофиддин СОЛИЕВ,

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh