Ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мост!

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат новобаста аз миллату наҷод ва мавқеи иҷтимоиву сиёсӣ баҳри ҳифзи марзу буми Ватан бояд ҳаматарафа омода бошанд. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли наздик ба 30-соли истиқлолияти давлатии худ пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, марзу буми онро сарҳадбонони шуҷои мо ба таври омодабошӣ ҳимоя мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии азизамон ҳамрадифи истиқлолу озодӣ аст ва дар ин шароити ҳассоси геополитикӣ бо техникаву лавозимоти ҷангӣ пурра таъин гаштаанд. Ҳамаи намуди қӯшунҳои ҳарбии давлати мо имрӯз ҳимояи Ватан ва ҳифзи якпорчагии онро на танҳо масъулияти шаҳрвандӣ, балки қарзи имониву виҷдонӣ ҳисобида, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд то ягон нохалаф сарҳади давлатиро ва муқаддасоти миллиро зери по накунад.

Аммо аз замони Шӯравӣ барои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз муаммоҳои ҳалношуда ин масъалаҳои сарҳадӣ байни ин давлатҳо ба шумор меравад. Муноқишаҳои сарҳадӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Қирғизистон солиёни зиёд аст, ки роҳи ҳалли худро наёфтааст. Дар ин минтақаҳо аксар вақт низоъву зиддиятҳои марзӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Масоили марзӣ Тоҷикистону Қирғизистон тӯли наздик ба 3 даҳсола то ҳол нуқтаи охирини худро наёфтааст. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ-ҷуғрофие, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тасвир ёфтааст, агар объективона назар афканем, аксари нуқтаҳои ба ном баҳсбарангези байни тоҷику қирғиз аслан заминҳои Тоҷикистон буда, бо сабабҳои номаълуми субъективӣ ба ҷониби ҳамсоя дода шуда буд. Ин раҳмдилии тоҷиконаро халқи қирғиз сӯиистифода намуда, зина ба зина заминҳои таърихан ба миллату давлати мо тааллуқдоштаро аз худ карда то ҳатто даъвоҳои нав ба навро нашармидаву наҳаросида рӯи кор меоранд. Тайи 3 рӯзи амалиёти ҳарбие, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доир гашт беш аз садҳо нафар маҷруҳ ва даҳҳо объектҳои хоҷагии халқ зарар диданд. Ба андешаи аксари коршиносон қафои ин амалҳои ҳарбӣ “дасти сеюм” ва “гурӯҳи манфиатхоҳ” пинҳон аст. Ин турфа инсонҳои пастфитрат, мардуми ҳар ду тарафро ба ҷангу хунрезӣ далолат карда, худ аз боло тамошобин мешаванд.

Агар умдатан ба муноқишаҳои сарҳадӣ бо диди фарохтар назар афканем, ҷониби Қирғизистон дар вақти айёми кишту кор бо баҳонаҳои сохтаву бофтаи худ ба мисоли чаппа кардани роҳи оби дарё ва ё гузаштани чорвои тоҷикон ба заминҳои баҳснок муноқишаро оғоз мекунанд. Дар ҳама ҳолат тӯли наздик 17-18 соли раванди музокироти наздисарҳадӣ ҷониби Тоҷикистон бисёр дипломатона ва эҳтиёткорона ба масъала нигоҳ мекунад ва ҷонибдори он аст, ки дар марз муноқиша сар назанад. Иҷозати расмӣ додан барои сохтмони роҳи мошингарди қирғизҳо ин гузашти калони ҷониби давлати мост, ки баҳри эҳтирому ҳамсоягарӣ анҷом дода шуд.

Дар ин вазъияти басо ҳассос бояд ҳарду ҷониб таҳаммулпазирии худро дар ҷои аввал гузоранд. Ба ибораи дигар ҳамсоя ин туҳфаи Худованд аст ва эҳтироми ҳамсоя дар шариати ислом авлавиятҳои худро дорад. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳама ҳолат манфиатҳои давлату миллатро дар ҷои аввал мегузоранд ва марзу буми сарзамини аҷдодиро мардонавор ҳимоя мекунанд. 

Ҳ.ҚУРБОНОВ,
ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh