Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Ҳамасола, мардуми тараққипарвар ва сулҳдӯсти олам ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳое, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, санаи 9-уми майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва сокинони вилоятро сидқан табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, рӯзгори орому осуда ва хотири ҷамъ орзу менамоям.

Гузашти вақт ҳар қадар моро аз солҳои душвори ҷанг дуртар мебарад, ҳамон андоза аҳамият ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти инсоният равшантар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ин санаи фаромӯшнопазири таърихро дар шинохти қадри сулҳу субот ва ваҳдату ҳамзистии осоиштаи банӣ башар чунин баён намудаанд: «Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мар думи олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд». Бояд гуфт, ки набардҳои хунини солҳои 1941-1945 ба ҳар як хонадони сокинони вилоят таъсири ҷуброннопазир гузошта, садҳо ҳазор ҷавонмардонро, ки дар ҷангҳои пурфоҷеа ширкат намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд, ба коми худ фурӯ кашид. Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.

Номи неку корномаи ин ҷавонмардон дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардида, баргузории чорабиниҳои ёдбуд ва таҷлили мутантани Рӯзи Ғалаба эҳтиром гузоштан ва ёдоварии онҳоест, ки барои пирӯзӣ ва ҳифзи Ватан садоқатмандона ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ҷониби дигар, корномаи падарони қаҳрамон ва онҳое, ки бо сари баланд аз майдони ҷанг баргаштанд, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта барои имрӯзиён ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯз ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ масоили ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати байни миллатҳо, таҳаммулпазирӣ, мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ бояд дар мақоми аввал қарор дода шавад. Баробари ин, бо ифтихору эътимод гуфта метавонем, ки дар соли таърихии омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари маҳбубамон чун идомадиҳандагони анъанаҳои нек, бо баҳрагирӣ аз корномаҳои гузаштагони ватандӯсту шуҷои хеш дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша омода мебошанд.

Бори дигар, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни Ғалаба муборак бошад!

Add comment


Security code
Refresh