Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар вилояти Суғд

8 майи соли 2021 дар майдони Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми вилоятро ба ифтихори Рўзи Ғалабаи бузург табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рўзгор, барору комёбӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Қайд карда шуд, ки дар набардҳои хунини солҳои 1941-1945 ба ҳар як хонадони сокинони вилоят таъсири ҷуброннопазир гузошта, садҳо ҳазор ҷавонмардонро, ки дар ҷангҳои пурфоҷеа ширкат намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд, ба коми худ фурӯ кашид. Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.

Номи неку корномаи ин ҷавонмардон дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардида, баргузории чорабиниҳои ёдбуд ва таҷлили мутантани Рӯзи Ғалаба эҳтиром гузоштан ва ёдоварии онҳоест, ки барои пирӯзӣ ва ҳифзи Ватан садоқатмандона ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ҷониби дигар, корномаи падарони қаҳрамон ва онҳое, ки бо сари баланд аз майдони ҷанг баргаштанд, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта барои имрӯзиён ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Айни ҳол дар вилоят 30 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва як нафар оилаи саробонаш дар ҷанг ҳалокгардида дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхорӣ фаро гирифта шуда, тамоми шароит барои онҳо муҳайё карда шудааст.

Ҳар сол дар арафаи Иди Ғалаба ба иштирокчиёни ҷангу ақибгоҳ кўмакпулиҳо ҷудо карда мешавад. Соли равон низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар иштирокчиёни ҷанг аёдат карда шуда, ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ кўмакпулиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кўмакпулӣ ба ҳар нафар иштирокчии ҷанг ба миқдори 4000 сомонӣ, ба иштирокчиёни ақибгоҳи солҳои ҷанг 2000 сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, онҳо аз тарафи раисони шаҳру навоҳӣ низ аёдат ва бо кўмакпулию маводҳои хўрока таъмин карда шуданд.

Дар маросими гулгузорӣ бар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи вилоят иштирок намуданд.

Ҷомеаҳои меҳнатии маркази вилоят, кормандони ташкилоту идораҳо, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ ва ҷавонони фаъол бо гузоштани гулҳои тару тоза бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг эҳтироми бепоёни хешро ба шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh