Суботу оромӣ – шарти асосии пешрафти давлат

Вақте сухан дар бораи таблиғи мазҳаби барои ҷомеаи бегона ва иғвобарангезиву ҷосусӣ аз ҷониби гурӯҳи муайянмеравад, пас бояд иқрор шуд, ки дар ягон давлати дунё муносибат нисбати чунин рафтори шаҳрвандон бе пурсиш намемонад.

Махсусан барои кишвари мо, ки як бор ҷанги дохилиро паси сар намудааст, ки оқибат он ҷанг чи қадар аз ҷиҳати моддиву маънавӣ барои ҷомеа бадбахтиҳо овард. Дар шароити имрӯза барои пешрафти давлат суботу амният масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳар давлат барои ҳифзу суботу оромии дохилии худ пеши таблиғи нодурусти ҳаргуна ҳизбу созмонҳоро мегирад. Гап дар сари он намеравад, ки аъзоёни чунин гурӯҳ дар кадом кишвар таҳсил намудаанд. Вақте кирдори шаҳрванд боиси ноором намудани авзои сиёсӣ гардад, давлат вазифадор аст, ки барои ҳифзи суботу оромии кишвар чораҳои мушаххас андешад.  Мақомот ҳангоми ҷинояткорро ҳабс намудан ба кишваре, ки ӯ таҳсил кардааст, назар намекунад. Лекин шаҳрванд вақте ягон кирдори зиддиқонунӣ анҷом дода бошад, ҳар кадом давлат чунин ашхосро  ба маҳкама мекашад.

Мутаассифона, ин боз як баҳонаи дигар барои ноором намудани авзои дохилии кишвар мебошад. Намояндагони ТТЭ ҲНИ мехоҳанд бо  роҳҳои гуногун мафкураи ҷавононро заҳролуд намуда, вазъи кишварро ноором созанд.

Хиёнат намудан нисбати давлати хеш аз ҳама қонунвайронкунии вазнин ба ҳисоб меравад. Чунин ашхос ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Зеро агар аз нуқтаи назари дин ҳам ба масъала назар намоем, дар ҷомеа ба миён овардани фитна кори ниҳоят бад ба ҳисоб меравад. Бинобар ин иғвоангезӣ ҳам аз лиҳози қонун ва ҳам аз ҷиҳати динӣ рафтори бад ҳисобида шуда, чунин ашхос новобаста аз он,  ки дар кадом кишвар таҳсил намудаанд, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh