ТТЭ ҲНИ ЛӮХТАКИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ

Дар шароити муосир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ғаразноки хориҷӣ бисиёр суханҳои ивғоангез ва бардурӯғ аз ҷониби хоинони миллати тоҷик паҳн  гардида  истодаанд.    Душманони миллат тавассути хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангез мехоҳанд худро дар назди хоҷагони хориҷии худ нишон диҳанд, вале чӣ тавре ки дар урфият мегӯянд давидани гӯсола то каҳдон. Бояд зикр намуд, ҳеҷ гоҳ бадхоҳони миллат ба мақсад нахоҳанд расид.

Имрӯзҳо Тоҷикистон бо тамоми мамолики ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаву судманди тарафайнро ба роҳ мондааст. Бо 178 давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ дорад. Дар мамолики хориҷӣ 40-ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм доранд.Яъне ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон манфиатҳои миллии кишварро инъикос менамонд.

Аммо мақсади ғаразноки роҳбари ТТЭ ҲНИ ва пайровони ӯ барои вайрон кардани муносибатҳои дипломатии  кишвари мо бо дигар мамолик нигаронида шуда, мехоҳанд робитаҳои байнидавлатиро бо маълумотҳои бардурӯғ ба иғво андозанд.

Суоле ба миён меояд? Оё Кабирӣ ва пайравони ӯ барои кӣ ва бо кадом мақсад кор мекунанд.  Онҳо барои хоҷагони хориҷӣ мисли лӯхтак хизмат мекунанд.

Маълумотҳое, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ оид ба муносибатҳои Эрону Тоҷикистон паҳн карда шудааст, ин мутлақо нодуруст мебошад ва мехоҳад бо ин дасисабозиҳои худ ҷавононро фирефтаи доми худ созад.

Ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба дасисабозиҳои роҳбари ТТЭ ҲНИ ва пайровони ӯ бовар намекунанд ва маълумотҳои бардурӯғи онҳоро маҳкум месозанд. Баҳри таҳкимбахшии дӯстти халқҳо имрӯз дар Тоҷикистон корҳои бузург ба сомон расонида шудаанд. Обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ рӯз то рӯз баланд гардида истодааст.Гарчанде, ки душманони миллат бо дурӯғу бӯҳтон баромад кунанд ҳам онҳоро касе гӯш намекунад. Зеро умри дурӯғ кутоҳ аст.

Алимов Б. – н.и.т, дотсент, мудири кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh