Фитнаҳои навбатии роҳбарияти ТТЭ ҲНИ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ кишвари соҳибистиқлоламон  рӯз аз рӯз рушд намуда дар арсаи ҷаҳонӣ ба қатори мамлакатҳои мутараққӣ дохил шуда истодааст. Таҳлилҳои иқтисодии солонаи мамлакатамон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар тамоми самтҳо мамлакат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар навбати худ таъкид намудан ҷоизи имкон аст, ки  аз аввали солҳои истиқлолияти давлатӣ барои инкишоф ва рушди он як қатор қонунҳо ва чорабиниҳои мукаммал қабул карда шуд, ки он ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ равона гардидааст. Инчунин кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки муносибатҳои дӯстонаро бо дигар давалтҳо барпо намоянд. Мисоли чунин гуфтаҳо ин муносибати дӯстию бародарона бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Тоҷикистон ҳаргиз дӯстию бародарӣ дар робитаҳои ду кишварро зери савол набурда, бо ҳифзи чорчӯбҳои асосии муносибатҳо дар як масъалаи мушаххас эҳтирому риояти манфиатҳои миллии худро талаб кардааст.

Вале, таассуфи зиёд, ки имрӯз ин пешравию музаффариятҳо на ба ҳама писанд аст. Фитнаҳои навбатии ташкилоти террористию экстремистии ТТЭ ҲНИ ба он нигаронида шудааст, ки муносибатҳои дӯстона халалдор гардад. 

ТТЭ ҲНИ ният дорад, ки сояи худро аз буда бузургтар ҷилва диҳад. ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои сулҳу суботи ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишварро зарур аст, ки аз ҳадафҳои нопоку муғризонаи ин ташкилоти ифротгаро огоҳ бошанд,  ниқоби аслии наҳзатиро ба аҳли зиёи олам нишон диҳанд. Ҷавонон, ки нерӯи созандаи кишвар мебошанд, дар раванди фош сохтани ҳадафҳои аслии наҳзатиён иштирок намуда, ҳиссагузори таъмини устувории сохти конститутсионӣ бошанд

Қаюмов Ф.Ғ. – н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh