Сулҳу дӯстӣ оини мост!

Одамон аз дӯстӣ  ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Мардуми шарафманди тоҷик дар таърихи башарият ҳамчун халқи сулҳпарвар  эътироф гардидааст.

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз сиёсати  давлат  ҳамеша ҷонибдори сулҳу-субот ва ободии кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо мебошем. Дирӯз  санаи 29.04.2021, ки дар марзи кишвари ҳамсоя бо марзи кишвари мо бо сабаби нофаҳмиҳо байни аҳолиҳои деҳотҳои  ду кишвар низоъҳои дохила сар зад.

Бо  сабаби  баъзе  нофаҳмоиҳо байни ҳамдигари аҳолии деҳотҳо як чанд дақиқа низоъ  давом намудааст.  Баъдан бошад бо роҳҳои гуфтушуниди байни  ҳамдигарӣ намояндагони ваколатдори ду кишвар бо ҳам сӯҳбат намуда, ҳамагуна нофаҳмоиҳоро  бартараф намуданд. Мо ҷавонон ҷонибдори он ҳастем, ки байни кишвари ҳамсоя бо мо дӯстиву рафоқат, сулҳу – субот ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмиҳо бошанд. Ҳамеша дӯстии байниҳамдигарии кишвари ҳамсоя бо мо абадӣ бошад.

Бақоев Б.
омӯзгори ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh