ТАРБИЯИ СИЁСӢ–САМТИ МУҲИМ

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки пур аз хатарҳои сиёсист, шарти асосии амният ва солимии мафкураи сиёсии ҷавонон ин баланд бардоштани сатҳи зиракии сиёсии эшон мебошад.

Нақши калидии зиракии сиёсӣ, дарки солим ва баҳои дуруст дода тавонистан ба рӯйдодҳои муҳими сиёсии ҷаҳони муосир, дарки оқибатҳои ҳузнангези он, аз ҳама муҳим ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар ин раванд, яке аз самтҳои муҳими тарбияи сиёсии ҷавонон – бедор кардани ҳисси худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бо роҳи омӯхтани таърихи пурғановати  халқи тоҷик мебошад. Ҳар як ҷавон бояд масъулияти ватандориро бо ҳисси баланди ифтихору муҳаббат бар дӯш дошта, баҳри хизмат ба Ватан бо ҷону дил омода бошад.

   Зудбоварӣ ва дудилагӣ ҳолатҳои хатарнок ва нохуби ҷавонон мебошад. Кор бо мафкураи ҷавонон бо роҳи ташкили мубоҳисаҳои сиёсӣ яке аз омили муҳими дарки воқеаҳои ҷаҳон мебошад. Имрӯз дар шабакаҳои интернетӣ воқеаҳои ҷаҳон ба таври криминалӣ фаъолият дорад...

Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷаҳон ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Раванди ифротгароӣ ва терроризм, ки зери ниқоби шиору арзишҳои динии беасос сурат мегиранд, метавонад ҷавонони ноогоҳро зуд ба доми фиреб  мекашанд. Бешубҳа, шабакаи интернетӣ баҳри рушди экстремизм  замина мегузорад. Пас, дар назди мо-  масъулини соҳаи маориф, ки даргоҳи муассисаи таълимӣ ҷойгоҳи асосии ҷавонон аст, вазифаи муҳим: пешгирии рушди экстремистӣ  меистад.

     Баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон низ баҳри дуруст  дарк намудани вазъи сиёсии ҷаҳон зарур аст. Пӯшида нест, ки бархе аз ҷавонони мо аз мутолиаи китоб дур мондаанд. Баҳри ғанӣ гардидани маънавиёташон зарур аст, бисёр мутолиа кунанд.

    Ба омӯзиши ҳунар ҷалб кардани ҷавонон омили муҳими на танҳо тарбия, балки барои ба роҳ мондани зиндагии шоистаи ояндаи онон нақши муҳим мебозад.

   Истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва телефонҳои мобилии аз  ҷониби ҷавононро бояд   волидону   устодон зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Маҳз тавассути телефонҳои мобилӣ ҷавонони сустирода, ноогоҳ, бетарбияву беназорат ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтида, ҳаёти хешро зери хатар мегузоранд.

    Ҷавонон бояд солим ва тавоно ба воя бирасанд. Тарбияи ҷисмонӣ ба тафаккури солим зарурият дошта, онро тақвият мебахшад. Чун бе китоб дунёи маънавӣ рушд намеёбад, бе варзиш низ саломатӣ ва пайкару қомати зебои инсон ба даст намеояд.Шахсе ки аз ин ду неъмат бархурдор аст, ӯ ҳаматарафа ташаккулёфта мебошад.

   Бедор намудани ҳиссу номуси Ватандории ҷавонон бо роҳи омӯзиши арзишҳои миллии дар тӯли 30 – соли Истиқлолияти давлати мо, дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократии ба дастомада, имконият медиҳад, ки дар ниҳоди ҷавонон ифтихору ғурури ватандорӣ ва шукргузориро парвариш кунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонон бошаду эшон онро бо ҳисси баланди ватандорӣ ба иҷро расонанд.

  Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.

Хушбахтона, ҷавонони кишвари мо ҳақиқатро дарк мекунанд, эшон соҳиби нангу номуси тоҷикона буда, дар ҳифзи марзу буми Ватани хеш омодаанд. Бо боварии том метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик насли бунёдкору ояндасози ҷомеаанд.

Фотима СИРОҶЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ,
ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи
омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh