Фаъолияти бебунёди ТТЭ ҲНИ

Имрӯзҳо як зумра нафарон, ки  ба сари кишвари мо рӯзҳои вазнинро оварданд, ки дар натиҷа ҳазорон сокинони кишвар  ҳалок гаштанд, занҳо бева, кӯдакон ятим шуда, миллионҳо доллари амрикоӣ ба иқтисодиёт зиён расонд,  худро  ҷонсӯзи миллат эълон кардаанд.

Ин тоифа бо номҳои гуногун зуҳур карда, мутаассифона, на андешаи миллӣ, на одобу маданияту ҳуввияти миллӣ доранд. Хеле аҷиб аст, ки дар  сарзамини бегона дар хизмати хоҷагони хориҷӣ қарор дошта,онон  дар ҳаққи  кишвари мо андешаронӣ мекунанд, кори асосиашон тӯҳмату буҳтон дар ҳаққи кишвари худашон аст.  Инҳо шабакаҳои иҷтимоиро бо маълумотҳои бофташудаю бардуруғ пур мекунад, ҳадафашон он аст,  ки вазъи сулҳу суботи кишвар ноором бошад.

Маълум аст, ки Тоҷикистон дар давраи ҷаҳонишавӣ мувофиқи стратегияи миллӣ марҳила ба марҳила рушд карда  истодааст.  Мо халқи меҳнатқаринем ва аз  тоифаи иғвогарону бӯҳтонзанон  хоҳиш менамоем, ки  амалҳои  бемаъниву иғвоангезаи худро қатъ намоянд, баҳри пешрафти кишвари худ барои саҳмгузорӣ кӯшиш кунанд..

Султонова А.Ҷ. – сармуаллими
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh