Терроризизм ва оқибатҳои он

Дар тамоми тули таърих терроризм  хатаре ба ҳисоб мерафт ва меравад, ки дар  инкишофи  ҷамъияти инсонӣ мушкилиҳо, бадбахтиҳо ворид мекард. Ҳадафи асосии террористон  байни ҷомеа иғво барангехта, бо ҳамин дар ташаккул ёфтани ҷамъияти демократӣ  монеъ ба вуҷуд овардан аст. Террористон  барои ба даст овардани ҳадафҳои худ аз ҳар гуна роҳҳо истифода мебаранд. Террорро имрӯз воситаи  асосӣ барои ба даст овардани манфиатҳои худ гаштааст.  Имрӯз дар олам, ташкилотҳои махсуси террористӣ   амал мекунанд, ки  муайян кардани он бисёр мушкил аст. Имрӯз дар миқёси байналхалқӣ ташкилотҳои бисёри террористӣ ва экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд.

    Аз нишондоди  маълумоти умумии омори,  давлатҳое ҳастанд, ки ба террористон ёрдами пулӣ намуда, дастгири менамоянд. Ба назардошти таҳлили иттилоотӣ,  ба хулоса омадан мумкин аст, ки  дар солҳои охир  таблиғи  ақидаҳои террористӣ  дар тамоми дунё зиёд  гашта, ҷамъияти инсониро  ба  таҳлука меандозад. Терроризм  дар асри бисту як,    оқибатҳои  зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷони аз худ боқӣ гузошта ,  дар ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ   монеъӣ расонда, сабаби  нооромии  башарият гардидааст.  Террористон ва зархаридҳои онҳо, бо истифода аз дини мубини ислом, ки ягон  ҳамбастагӣ ба ин раванди манфур надорад, ба корҳои ғайриинсонӣ ва нопоки  худ даст мезананд.     

Дар шароити ҳозира, вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҷавонон, чун як неруи пешбарандаи ҷамъият, зиракиро аз даст надода, дар муборизаи бо зуҳуроти номатлуб оштинопазир будан аст.

 ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла ҷавонон, бояд бар зидди терроризм муборизаи оштинопазир бурда, барои ҳифзи  ватани азизамон  Тоҷикистон омода бошанд,  ва як порчагии онро аз даст надиҳанд. 

  Аз ин назар, гуфтанӣ ҳастам, ки бояд ҳар  як шаҳрванди ҷомеъа  барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии миллат талош варзида, марзу буми  ватани ориёии худро, чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. 

Малика ҚОСИМОВА,
роҳбари ШКАТС-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои тибб, духтури дараҷаи олӣ

Add comment


Security code
Refresh