Кабирӣ аз дастоварди Тоҷикистон сухан намекунад, балки ...
- Details
- Published on Thursday, 13 June 2024 08:49
Дар чунин як шароити эпидемиологӣ, паҳншавии бемории сироятӣ, маҳдудудгардии манбаи даромадҳо татбиқи чунин тадбир нисбати кишварзони мамлакат амали хирадмандона буда, бори дигар умумииҷтимоӣ будани моҳияти давлати Тоҷикистонро тасдиқ мекунад. Шахсан ман бо шунидани хабар дар шабакаи телевизионии давлати хориҷӣ (“Sӯvimli”-и Ӯзбекистон) оиди аз супоридани андози ягона дар соли 2021 озод карда шудани ҳамаи кишоварзони Тоҷикистон, ифтихор кардам. Ин тадбири андешидашудаи саривақтии роҳбарият мамлакати моро воситаҳои ахбори оммаи мамлакатҳои хориҷӣ таърифу тавсиф намуда, амали нодир меҳисобанд.
Бадхоҳони миллату давлати мо пешравию гул-гулшукуфоии Тоҷикистонро намехоҳанд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки монеъи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол гарданд.
Аз ин рӯ, ба он воқеаҳое, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд меояд ва он нишондиҳандаҳое ки дар натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон ба даст омадаанд, аз тарафи ин бадхоҳон ғайриобъективона баҳо дода шуда, мардум ба иғвогарӣ даъват карда мешаванд. Дар чунин шароит зарур аст, ки ҳар як фард, бахусус ҷавонон тафаккури қавӣ дошта бошанду зиракии сиёсиро ба кор барад. Дигар қишрҳои ҷомеаро аз фаъолияти пасипардагии бадхоҳони миллат огоҳ намоянд.
С.ЛАТИПОВ,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсиони
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон