Хар ҳамону туққум дигар!

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ бо шогирдонаш солҳост, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд ва тамоми маҳорати кордонии худро баҳри айбдоркунии давлату Ҳукумати Тоҷикистон истифода бурда истодаанд. Кабирӣ гӯё, ки тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти Ҳукумат нишон дода, баҳри бартарафсозии ин камбудиҳо халқи тоҷикро барои  нотинҷиву нооромӣ роҳнамоӣ карда истодааст. Дар ҳақиқат Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун террористи рақами 1 эътироф гардидааст, чунки зомини марги 150 000 одамони бегуноҳ дар соли 1992- 1997 ба дӯши ӯ ва ТТЭ ҲНИ аст.

Ҳизби ифротии наҳзат таҳти №79 ба рӯйхати созмонҳои террористӣ дохил шуд. Дар ин асос Муҳиддин Кабирӣ ТТЭ ҲНИ-ро ба ташкилоти дигар Паймони миллӣ табдил дод, ки бо иваз кардани ном мақсади ташкилот дигар нашудааст. Дар ҳақиқат Муҳиддин Кабирӣ бо талошҳои бисёрсолаи худ мақсад дорад, ки бо пуштибонӣ аз хоҷагони хориҷии худ дар Тоҷикистон мақоми қаблии  ҲНИ-ро барқарор намояд. Ба хотири расидан ба ин мақсад дурӯғ гуфтан, дассиса андохтан ва вайрон кардани руҳияи одамон, бахсус ҷавонон кори дигаре нест. Дар мубоҳисаҳо Муҳиддин Кабирӣ кӯшиш менамояд, ки худро ватандӯсту ватанпарвар ва ғамхори миллат нишон диҳад, вале афсӯс, ки ин хел нест. Агар Муҳиддин Кабирӣ ватандӯсту ватанпарвар ва миллатдӯст мешуд, тӯли ин солҳо дар Тоҷикистон мебуд. Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаи сайёра миллионҳо одамон гирифтори хавфу хатар, таҳдид, ҷангу низоҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкардаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар одамони осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар ҷойю макони зисташонро тарк кардаанд. Хуб мешуд, ки Кабириҳо дигар ба бадном кардани давлату Ҳукумати Тоҷикистон машғул нашаванду ба Ватан баргашта, мисли дигар шаҳрвандон бо меҳнати ҳалол баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии Тоҷикистон меҳнат намоянд. Халқи тоҷик фақат дар фикри созандагию бунёдкорӣ мебошанд.

Рахимова М.А. – дотсент, муовини декан
 оид ба илми факултети инноватсия
ва телекоммуникатсияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh