Қаҳрамонсозии наҳзат аз фаъолияти Кабирӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият аз тарафи душманони миллат ба монанди намояндагони ТТЭ ҲНИ ба ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки боиси харобиҳои зиёд ва талафоти моливу пулӣ гардид. Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ то соли 1997 дар Ҷуҳурии Тоҷикистон дар қисмати молиявии ҳукумат қариб, ки ягон маблағ набуд. Ҳамаи ин харобиҳо аз хиёнати наҳзатиён ва ҳамкасбони онҳо буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ба миллати тоҷик хиёнат намуданд.

Агар хароҷот барои мубориза бо душманони халқу миллат ба монанди намояндагони ТТЭ ҲНИ шуда бошад ҳам хато нест. Зеро, барои ҳимояи сулҳу субот, манфиатҳои миллӣ ва марзу буми ватан ҳатто ҷони хешро дареғ набояд дошт.

Масъалаи дигаре, ки доир ба он намояндагони ТТЭ ҲНИ суханронӣ намудааснд ин пинҳон нигоҳ доштани хуруҷи бемории Covid-19, ки бояд зикр намуд кард, ки ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишҳои хешро ҷиҳати пешгириии ин беморӣ анҷом дод. Агар ақл солим бошад фикр намуда хулоса мебарорад, ки ҳангоми ба таҳлука афтодани инсон иммунитети организм паст мегардад. Ин боис мешуд, ки миқдори беморон аз то ҳол ба ҳисоб гирифта шуда зиёд гардад. Аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пайдоиши нишонаҳои ин беморӣ борҳо ба мардуми кишвар муроҷиатномаҳо фиристонда шуд то дар кучаву ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб гашту гузор намоянд. То ҳатто давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар назди ин беморӣ оҷиз монданду ин наҳзатиҳо аз чӣ сухан меронанд.

Бояд иброз намоям, ки намояндагони ТТЭ ҲНИ кайҳо боз мафкураи хешро аз даст додаанд ва дурӯя будани онҳо ба тамоми мардуми кишвар кайҳо боз маълум гаштааст. Онҳо аз ҳар як ҳодисаи дар кишвр ба вуқуъ омада истифода карда мехоҳанд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сиёҳ намоянд. Аммо, ба онҳо гуфтаниам, ки ин суханони онҳо аз тарафи мардум ҳеҷ гоҳ пазируфта нахоҳад шуд.

Абдулазизов Р. – н.и.и., дотсент, муовини
декан оид ба корҳои тарбияи
 факултети молияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh