Кинаи Кабирӣ аз рушди ҷомеаи Тоҷикистон

Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнӽои ҷомеаи шаӽрвандии мо маӽсуб ёфта, нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаӽрвандӣ муайян менамояд.

Дар марҳилаи минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо аз қабили стипендияҳои Президентӣ, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, Грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеҳову гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр тадбирҳои муҳим оид ба роҳандози намудани сиёсати ҷавонон оварда истодааст.

Мақсади Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ бо ин маводи иғвоангез дар байни ҷавонону наврасон барангехтани кинаву адолати миллӣ мебошад. Вай доимо маълумотҳои иғвоангезонаро гуфта халқи тоҷикро ба роҳи каҷ мехоҳад барад. Лекин ҷавонони мо ҷавонони солҳои 1990 намуда он дар арсаи ҳиссии ватандўстӣ тарбия ёфтааст.

Кабирӣ фақат мехоҳад, ки ба мардуми тоҷик суханҳои дурўѓ ба фиттаовар гўяд, пас ба ў суол дода мешавад, ки аз ҷониби худи ў ё ин, ки аз ҷониби ҳизби таъсис додаи ў барои халқи тоҷик ва ҷавонони халқи тоҷик чӣ корҳо ба иҷро расонида шудааст. Ҳоло мо мебинем, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, якчанд мактабҳои олӣ сохта шуда истодааст, лекин аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ ягон мактабҳои олӣ дар давраи фаъолияташ ҳамчун ҳизб сохта нашудааст. Аз ин бар меояд, ки Кабирӣ ҳамчун душмани халқ мақсади давлати моро ноором намуданро дорад ва намехоҳад, ки мо ҳамчун халқи тоҷик давлати соҳибистиқлоли худро бунёд накунем.

Хулосаи гуфтаҳои ман чунин мебошад, ки мардуми Тоҷикистон махсусан ҷавонону донишҷўён муқобили ТТЭ ҲНИ ва Кабирӣ мебошанд. Мо сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро дастгирӣ менамоем ва кўшиш мекунем, ки давлати мо обод бошад. Барои ободии миллат кўшиш намуда саҳми худро дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол меандешем.

Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh