Хоини мазҳабфурӯш!

Дар мобайни издиҳоми аврупоиён чанде аз нафарон бо занҷирҳои нӯгтез ба тани худ задаву навҳа мебардоштанд, ки ҳама дар ҳайрат даст ба гиребон карда ба пулису табибон занг мезаданд, ки ин чӣ гурӯҳи савдоиён будаасту аз кадом беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ гурехтаанд.

Масъулини давлатҳо ба ҷойи ҳодиса ҳозир гаштаву мехоҳанд ин балвогаронро ҷилавандозӣ намоянд. Чунин тоифа ҳамагӣ 10 – 12 нафар буданду бар зидди табибону пулис истодагарӣ намуда даъво доштанд, ки ин маросими ёдбуди Имом Ҳусайн дар мазҳаби шиа бо номи “Ошуро” асту кордор нашаванд. Пулис бо изҳори нороҳатсозии аҳолӣ ин гурӯҳро дастгир намуда пурсон мешаванд, ки онон аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом будаасту Муҳиддин Кабирӣ саркардаашон. Онон бо даъвои “демократия”, “озодихоҳӣ” ва дигар аз полис бозхостанд, ки ба амалҳояшон монеъ нашавад. Лекин, ҳамаро дасту по баставу ба маҳкама кашида ҷаримабандӣ карда огоҳ сохтанд, ки дигар тартиботи ҷамъиятиро халалдор насозанд, вагарна ба ҳабс кашида мешаванд. Ана ин симои “демократия”-ю наҳзатиёни палид! Зеро, онҳо дар Аврупо мақоми ҳуқуқии гуреза доранду кай вақте мақомоти маҳаллӣ хоҳад онҳоро берун аз он кунад. Наҳзатиёни мазҳабфурӯш бошанд ваҳшонияти амали худ дарс накардаанд, ки онон дар ин макон бегонаанд. Ҳамаи ҷаҳониён хуб медонанд, ки дини мубини Ислом барои ин хоинони Ватан беш аз ниқоб мавқеи дигар надораду ҳамаи ин ҳангомаҳо “спектакл” бо тарҳи хоҷагони маблағгузорашон аст. Оламиён аллакай итминон ҳосил кардаанд, ки нафари хоини Ватану ивази мазҳабкарда палидтарин касест, ки нашояд ба онон муносибати инсонӣ кард.

Эзоҳ: Дар он маросим бо сабаби маккорӣ аз тани Муҳиддин Кабирӣ қатрае хун набаромадааст!?

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh