Каҷнигарии ҳамешагӣ

Санаи 22-юми майи соли 2021 бахшида ба рўзи ҷавонон бо ин қишри тақдирсози миллат мулоқот баргузор гардид. Дар ин вохўрӣ ҷавононе, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият мабаранд иштирок доштанд. Ин вохўрӣ аз ҷониби мардуми кишвар ва хусусан ҷавонон бо як рўҳбаландӣ мавриди пазириш қарор гирифт.

Аммо чун ҳамешагӣ нерўҳои мухолифи берун аз кишвар буда, бо ҳангомасозӣ ва манфинигарии хеш ба интиқоди паҳлўҳои гуногуни ин вохўрӣ пардохтанд. Дастгоҳи интиқодӣ ва қаҷнигарии онҳо ба кор шуруъ намуд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо дар ҳама ҷо айб меҷўянд ва дар ҳама чӣ нуқсону камбуд мекобанд. Бо манфинигарии хеш ба ин ва ё он падида ҷиҳати бадӣ мебахшанд ва мехоҳанд эътимоду боварии ҷавононро ба низоми идорӣ кам намоянд. Аммо ҷавонони кишвар имрўз дарк намуда истодаанд, ки тадриҷан фазои мусоиди таҳсил ва илмомўзӣ барои онҳо фароҳам мегардад.

Аммо ба ҳар сурат нафари баҳогузор ба вазъи имрўзаи ҷавонони кишварро зарур аст, ки муқоисаи ҳолати солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва шароити имрўзаро мадди назар гирифта бошад. Воқеан, вазъи тањсили љавонон нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ќавле ба куллї дигаргун гаштааст.  Нерўҳои дар хориҷ буда, хусусан намояндагони ТТЭ ҲНИ бояд дар хотир дошта бошанд, ки чи гуна бо «шарофат»-и онҳо ҷавонони солҳои 90-ум аз имкониятҳои тавонбахшӣ дар канор монда буданд. Дар фарқият аз он замонҳо шароити имрўзаи ҷавонони кишвар хеле беҳтар аст. Дар солҳои охир дар шароити Тоҷикистон имконияти омўхтани забонҳои мухталифи хориҷӣ, касбомўзӣ ва ҳунаромўзӣ, омода шудан барои таҳсил дар муассисаҳои хориҷи кишвар фароҳам шудааст. Базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи кишвар низ рўз аз рўз беҳтар мегардад. Хусусан баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявии «Фуруѓи субҳи доноӣ» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар дар самти тавонбахшии ҷавонон дарак медиҳад. Имрўз барои ҷавонон на танҳо имкони таҳсил дар кишвар балки берун аз он низ фароҳам карда шудааст, ки аз дастгирии ҷавонон дарак медиҳад.

 Баъзан ҳолат кас ба андешае фурў меравад, ки нерўҳои мухолифи дар хориҷ аз кишвар буда, ки даъвои исломӣ будан мекунанд чаро дур аз ахлоқ амал мекунанд. Ба ҳар як нуқта нуқс меҷўянд ва кори онҳо танҳо танқиди дигарон асту бас. Беҳтар аст ба ислоҳи хеш пардозанд ва ҳангоми ангушти ишорат нишон додан ба дигарон ба он таваҷҷуҳ намоянд, ки бо се ангушти худ тарафи худ низ ишорат мекунанд.

Солеҳӣ Ш. – муаллими калони

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh