Ҷиноят албатта, ошкор хоҳад шуд

Аз фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва роҳ­бари он Муҳиддин Кабирї имрӯз аҳли башар огоҳ ҳастанд.

Чунончи, тибқи маълумотҳои мақомотҳои дахлдори кишвар Муҳиддин Кабирӣ, ки дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дошта, фаъолияти тахрибкоронаи худро бар зидди ватани худ идома дода истода­аст, бо маблағгузории кишварҳои хориҷӣ, бо баҳонаи бо кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Дортмунди кишвари Олмон қитъаи замин ва бинои бисёрошёнаро харидорӣ карда, дар он марказњои гуногун сохтааст. Вале муайян карда шуд, ки иншоотҳои мазкур ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷора дода шуда, умуман ягон нафар шаҳрвандони кишвари мо дар ин иншоотҳо ба кор таъмин нагардидаанд.

Инчунин аз маблағҳои аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ҷудо кардашуда ду манзили истиқоматӣ доштааст. Яъне ў умуман ба тақдири шаҳрвандони тоҷик бепарво буда, танҳо манфиатҳои ғаразнок ва шахсии худро пеш бурда истодааст. Инчунин мулоқот кардан ў бо роҳбарони созмонҳои байналхалқии террористӣ – экстремистӣ, аз ҷумла “Ҳаракати Толибон”,  халалдор кардани амну субот ва оромии кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Шаҳзоди Баҳор

Add comment


Security code
Refresh