Мақсадҳои нопоки ифротгароён

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон вазъи марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.  Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯзҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои озоду   умедбахши сиёсӣ дар рушду нумӯъ қарор дорад.

Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст.

Мутаассифона, шахсоне ёфт мешаванд, ки амнияти кишварро халалдор намуданї, ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор карданӣ мешаванд. Ин амалҳо мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амалҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳсуб ёфта, ба дараҷаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудаанд.  Ба  ҳамагон маълум аст, ки мақсади нопок танњо ба роњбарон ва аъзои ТТЭ ЊНИ тааллуќ дорад ва онон, ки имрўз дар мулки бегона паноњ мебаранд, аз пуштибонони хориҷии  худ дастур гирифтаанд, ки амалњои нохалафона, ба мисли тафрниќаангезиро амалї намоянд. Онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ кӯшиш доранд, вазъи сулњу суботи кишвари моро халалдор кунанд. Вале онон њељ гоњ ба маќсади худ намерасанд.

Солхои охир аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтанї мешаванд.

 Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҳамчун хоин як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда, ҳамчун ватанфурўш нақш хоҳанд баст.

Мирзоҷонова М. Қ. 
– дотсент, мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh