Хиёнаткорони дурӯя
- Details
- Published on Thursday, 20 June 2024 10:12
Вақте, ки калимаи хиёнатро ба забон мегирем, дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кин мегирад. Ба назарамон шахсе намудор мешавад, ки дили пуркина дораду бадхоҳи мардум аст.
Зери унвони хиёнат пешорӯямон симои Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин барин афродон намудор мешавад. Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин, наҳзатиёну ҳаммаслаконаш, ки тафаккурашон олудаи кинаву мазаммат аст, вале аз минбар истода дар бораи адолат гап мезананд. Вале худашон беадолату бераҳманду дигаронро низ ба ин роҳ бурданианд, ки аз рӯи одоби инсонї нест. Чуноне, ки дар дини мубини ислом, низ оварда шудааст: “Мӯъмин бародари мӯъмин аст.”.Агар душманони мо бегонагон мебуданд, мегуфтем, бегона, ки аст, ба мо санг зад. Вале сад афсӯс, ки душмани миллати тоҷик худи тоҷик аст, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба воя расидаасту имрӯз бошад, чун кӯрнамак ба миллати худ, ба хоки сарзамини худ хиёнат мекунад. Охир, мо як Ватан дорем бо номи Тоҷикистон.Ба таъбири устод Садриддин Айнӣ: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоя ва мудофиа мекунад”. Вале пешорӯи ин муттаҳамонро шираи молу мулк ва пулҳои ҳаром гирифтаасту ба ин хиёнаткорӣ даст задаанд. Вале тоҷиконе низ ҳастанд, ки берун аз кишвар зиндагӣ мекунанду ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзу ободии ин аз берун ҳам истода камари ҳиммат мебанданд. Амалњое мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар Ватан аст.
Мо, ҷомеаи устодон нисбат ба ин инсонњои ифротгаро нафрат дорем ва ба ҷавонони саодатманди тоҷик муроҷиат намуда гуфтанием, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат банданд.
Биоишаи Назар