Бадхоҳони миллат ҳаргиз ба мақсад намерасанд

Имрўзҳо аз ҷониби душманони миллати тоҷик аз он ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотњои пучу бардурўѓ паҳн карда шуда истодааст. Ин тоифа њатто аз сиёсати дўстпарваронаи мамлакати мо хулосаи нодуруст мебароранд. Ин гумону хулосањои онњо аз нињояти бесаводии онон гувоҳӣ медиҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки суханони ин ифротиён танҳо хусусияти иғвоангезӣ дораду халос.

Мо сокинони Тоҷикистон  хуб медонем, ки М.Садриддин шахси дурӯғгӯй аст, ҳамаи гапҳои ӯ дурӯғ аст, ӯ фақат манфиати хешро фикр мекунад, на ин ки манфиати халқи тоҷикро. Боварӣ дорем, ки тамоми муҳоҷирони тоҷик низ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд дурӯғгӯии номбурдаро дарк менамоянд. Маҳз бо суханҳои дурӯғгӯии ҳаммаслакони Кабирӣ ва М.Садриддин баъзе аз мардуми тоҷик фирефтаи ин суханҳо гардида, бар зидди давлати худ хиёнат намуданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, ин ташаббуси маҳз ТТЭ ҲНИ ва аъзоёнаш буд, ки онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ истихдом гардида, нисбати давлати худ хиёнат намуданд.

Кирдорҳои содирнамудаи ин хоинони миллатро мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Мутаассифона ҳоло ҳам ин тоифа аз мақсадҳои худ даст накашидаанд. Инҳо нафарони мансабталош, ҳадафҳояш нопок ва дурӯғгӯй мебошанд.

Қурбонов Ҳ. – мутахассиси шуъбаи

таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh